Ин рақамро хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон овард.
Манбаъ афзудааст, вазири тоҷик омори мазкурро баъд аз пойфишориҳои зиёди хабарнигорон дар нишасти хабарии 11-уми август эълон кард.
Раҳимзода гуфтааст, ҳамтоёни русаш дар ин маврид омор пешниҳод намекунанд ва дар созишномаи ҷонибҳо низ ироаи чунин маълумот зикр нашудааст.
Дар ҳар сурат ин аввалин маврид аст, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон маълумоти тахминиро дар бораи интиқоли зиндониёни тоҷик аз Русия ба ҷанг дар Украина фош эълон кард.
То кунун хабари кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ҷанг расонаӣ гардидааст. Мақомоти Тоҷикистон пештар аз муҳоҷирон дар Русия даъват карда буданд, ки ба ҷанг дар Украина нараванд.
Гуфтугӯ