“Барои мурдан ба Украина рафтанӣ нестем”
Як маҳбуси тоҷик, ки ба далели амниятӣ нахост номашро зикр кунем, гуфт, баръакси соли гузашта онҳоро кормандони Вазорати дифои Русия сабтином карданд. “Вохӯрӣ”, ба гуфтааш, рӯзи 11-уми августи имсол гузашт.
Соле қабл даҳҳо маҳбуси тоҷикро аз зиндонҳои Русия ширкати муздурии “Вагнер” ба ҷанг ҷалб карда буд. То ин дам хабари марги зиёда аз 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Маҳбусони тоҷик аз зиндони шаҳри Медин нақл карданд, ки 28-уми августи соли гузашта беш аз сад маҳбуси тоҷикро аз ҳамин ҷо ба ҷанг бурда буданд ва хабари маргашон расид. Гурӯҳи “Вагнер” тасдиқ мекунад, ки ҳазорон маҳбусро ба ҷанг бурд ва аксари онҳо ҳангоми даргирӣ барои Бахмут кушта шуданд.
“Соли гузашта ташвиқ карда, ваъдаи зиёд дода буданд. Онҳоеро, ки нахостанд, маҷбур накарданд, ҳарчанд баъдан фиреб доданд. Ин бор гуфтанд, мехоҳед ё намехоҳед, бояд ба ҷанг равед,” -- гуфт яке аз маҳбусон рӯзи 17-уми август.
Маҳбусони тоҷик мегӯянд, эҳтимол то охири моҳ онҳоро ба ҷанг баранд ва аз ин рӯ аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд пеши роҳро бигиранд. “Инҷо аз як сол то шаш сол муҳлат дорем. Барои мурдан ба Украина рафтанӣ нестем. Хоҳиш, ба додамон расанд ва нагузоранд, ки ба ҷанг баранд,” -- гуфт як маҳбуси тоҷик.
Рӯзи 17-уми август дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки аз як тоҷики зиндонӣ аз маҳбаси Калуга дар бораи эҳтимоли сафарбар шудан ба ҷанг шикоят гирифтаанд. “Кормандони масъул мавзуъро пайгирӣ доранд,” -- гуфтанд дар сафорат.
“Ҳамсарам бо ҷангу даъво халос кард”
Ҷалби муҳоҷирону маҳбусони тоҷик аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди Украина аз тобистони соли гузашта оғоз шуд. Он замон расонаҳо хабар доданд, ки артиши Русия дар ҷанг куштаи зиёд додааст ва бо ҷалби маҳбусон мехоҳад камбуди нерӯро ҷуброн кунад.
Зоҳиран ҳанӯз маъракаи ҷалби зиндониён ба ҷанг идома дорад. Мақсуд Қурбонов, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик, ки нав аз зиндон раҳо шудааст, гуфт, тақрибан як сол дар Боздоштгоҳи шаҳри Ногинск буд ва моҳи июн бегуноҳаиш собит шуду озод гардид.
“Ба ман пешниҳод карданд, ки биё шартнома банд ва ба артиш рав. Ҳар моҳ 600 ҳазор рубл бароят медиҳем. Коғази зиёд доданд, имзо накардам. Ҳамсарам рус аст ва замоне дар пулис кор мекард. Омад ва бо ҷангу даъво аз чанги онҳо халос кард," -- гуфт ӯ.
Омори дақиқи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест. Ду сол пеш мақомоти тоҷик гуфтанд, ки беш аз даҳ ҳазор тоҷик дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия қарор доранд. Ҳоло омори дақиқе вуҷуд надорад, ки чӣ теъдод аз маҳбусони тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик ба ҷанги Украина хабар гирифтанд. Ҷанге, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро хилофи қонунҳои байнулмилалӣ медонад ва Русияро барои талоши ғасби як кишвари мустақил зери таҳрим гузошт.
Гуфтугӯ