Дипломати баландпояи Русия гуфт, дар Тоҷикистон 120 ҳазор шогирд дар мактаб ба забони русӣ таҳсил мекунад ва боқимондаҳо ин забонро дар доираи барномаи таълимӣ меомӯзанд. Семён Григорев, сафири Русия ин нуктаро рӯзи 6 октябр дар конфронсе дар мавзӯи таҳсили гуногунзабона дар Тоҷикистон баён кард.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Дар Тоҷикистон 60 мактаб пурра ба забони русӣ таълим медиҳанд ва 178 мактаб соҳиби синфҳои русӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ онҳо 120 ҳазор шогирдро фаро мегиранд». Ӯ гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон 9 ҳазор омӯзгор ба забони русӣ дарс медиҳанд.
Дар Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муошираи байни миллатҳоро дорад.
Мунаққидон аз фаъолтар шудани таълими забони русӣ дар паҳнои Муштарак-ул-Манофеъ, аз ҷумла Тоҷикистон чун як роҳи тақвияти таблиғоти сиёсати ҳукумати Маскав интиқод мекунанд.
Бархе аз мактабҳои русии Тоҷикистон, ки танҳо тобеи Вазорати маорифи Рсуия ҳастанд, дар қабули хонандагон интихобӣ рафтор мекунанд ва шикояти бархе аз падару модарон дар ин бобат расонаӣ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯзи ғамангези забон. Гилаҳои рӯшанфикрони Самарқанд ва Бухоро. ВИДЕО"Таърихи Русия" дар бораи ҷанги Украина ба хонандагон чӣ мегӯяд?Забони молдовӣ "руминӣ" шуд, забони мо кай "форсӣ" мешавад?Як пешниҳоди вобаста ба фарзанди муҳоҷирон дар Русия"Do you speak English?" Омӯзгорони тоҷики забони англисӣ роҳҳои муосири таълимро меомӯзанд. ВИДЕО