Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Do you speak English?" Омӯзгорони тоҷики забони англисӣ роҳҳои муосири таълимро меомӯзанд. ВИДЕО


Дар як ҳамоиш дар Душанбе  мутахассисону муаллимон шеваҳои нави таълими забони англисиро баррасӣ карданд, ки таваҷҷуҳ ба он дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ин ҳамоиш дар доираи барномаи English Without Border ва бо ибтикори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳадафи ин барнома, ки ҳудуди панҷ ҳазор омӯзгор узви он ҳастанд, мусоидат дар таълими забони англисӣ ва баланд бардоштани малакаи омӯзгорони ин забон гуфта мешавад.

Пабло Тутиллиё, мудири бахши фарҳанги сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муаллимон тавассути ин барнома аз манбаҳои гуногун, аз ҷумла аз интернет ва мутахассисони забони англисӣ истифода мекунанд. Ҳамчунин барои омӯзиши усулҳои нави омӯзиши забони англисӣ ба Амрико низ мераванд. "Баъди бозгашт онҳо чизҳои наве, ки омӯхтаанд, ҳангоми кор аз ин таҷрибаҳои омӯхтаашон истифода мекунанд", - гуфт Пабло Тутиллиё.

Мутахассисони соҳа низ мегӯянд, дар воқеъ усули омӯзиши забони англисӣ ба вижа дар макотиби олии Тоҷикистон аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст ва аксаран бо хондану тарҷума кардан маҳдуд мешавад, ки ин усул чандон самарабахш нест.

Дар Душанбе гуфтанд, ки чӣ гуна бояд англисӣ омӯхт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Саъдӣ Тоҳирзода як ҷавони тоҷик, ки талош дорад, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳад, аз як усули муассири омӯзиши забони англисӣ гуфт: “Мо забони тоҷикиро чӣ хел ёд мегирем? Дар кӯдакӣ падару модар гап мезананд ва мо такрор мекунем. Аз 2 то 5-солагӣ гап мезанем, баъд дар 10-солагӣ грамматика меомӯзем. Дар омӯзиши забони англисӣ ҳам бояд ҳамин хел бошад. Вақте хонанда калимаҳоро аз худ кард, баъд метавонем ба ӯ қоидаи имлои забони англисиро ёд диҳем”.

Огоҳони умур мегӯянд, бо вуҷуди фармони махсуси раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши забони англисӣ, таълими ин забон дар кишвар то ба ҳадди лозим нарасидааст. Парвона Ҷамшед, профессор ва раҳбари Анҷумани муаллимони забони англисӣ дар Тоҷикистон аз донандагони собиқадори забон аст.

“Дар ҳамоише, ки қарор аст ду рӯз давом кунад, усулҳои гуногуни забони англисӣ, шеваҳои муосире, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз он истифода мекунанд ва мо ҳоло аз он хабар надорем, фаҳмонда шавад. Ин барои кори муаллимони ин забон хеле кӯмак мекунад”, гуфт ӯ.

Муаллимон ба ин бовар ҳастанд, ки донандагони ин забон дар Тоҷикистон ҳамеша хушхарид ҳастанд ва ба осонӣ ҷойи кор меёбанд. Марҳабо Холмуродова, ки 15 сол англисӣ дарс дода ва ҷоизаи “Муаллимаи сол”-ро низ гирифтааст, гуфт надонистани забони англисӣ орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро ба рӯъё табдил медиҳад. Ба бовари ӯ ҳам, аз роҳҳои муосиру нави омӯзиши забон афсонаро мешавад ва воқеият табдил дод ва роҳи бисёр ҷавонҳоро барои ояндаи беҳтаре боз кард. Ӯ гуфт:

“Имрӯз хонандагон хоҳиши ба дигар кишварҳо сафар кардану хонданро доранд. Барои ҳамин, ба фикри ман, шогирдони мо забонҳои хориҷиро меомӯзанд. На танҳо забони англисӣ, балки забонҳои русӣ ва чиниро ҳам меомӯзанд”.

Аммо ҷомеашиносон як сабаби кундии омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистонро бештар ба самтгириҳои сиёсии Тоҷикистон ба сӯи Русия ва ҳузури беш аз як миллион тоҷик дар қаламрави кишварҳои русзабон марбут медонанд. Забони мардуми ҳамсоякишвари дигар Чин низ, ки сармоягузори асосии иқтисоди Тоҷикистон аст, дар чашми бисёр ҷавонҳо роҳи эҷоди карераи муваффақ дар оянда буда метавонад.

Ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазор омӯзгори забони англисӣ омода мекунанд, вале аксари онҳо ба хотири кам будани маош на ба мактабҳои миёна, балки талош мекунанд ба созмону ширкатҳои байналмилалӣ рӯ оваранд ё касби тарҷумониро пеша мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG