ПМТ боздошти хешони тазоҳургаронро танқид кард

Мухолифон мегӯянд, мақомот баъди ин эътирозҳо наздикони онҳоро боздошт карданд

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф аз боздошти наздикони мухолифин дар дохили Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост, "афроди бегуноҳро фавран озод кунанд."

Мақомот ба хабарҳо дар ин бора вокуниш намекунанд. Аммо намояндагони мухолифин мегӯянд, давоми се рӯзи ахир мавҷи нави боздошти пайвандони онҳо дар дохили Тоҷикистон шуруъ шудааст.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, 1-уми октябр дар изҳороте дастгир шудани хешовандони мухолифинро "ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ байналмиллалӣ" хонд.

"Мо шак надорем, ки ин ҳама боздоштҳо ва гаравгон гирифтани хонаводаи мухолифон аз ҷониби мақомот, посух ба фаъолияти сиёсии онҳо буда, бо мақсади фишор овардан болои мухолифони ҳукумат аст,"-гуфтааст ин созмон.

Паймони миллӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки наздикони мухолифинро озод кунанд.

"Гуруҳи 24" ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки даст аз боздошти хешовандони онҳо бардоранд. Ин гуруҳ хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, "мардумони бегуноҳро дар сиёсат сӯистифода" накунед.

Бо гузашти қариб се рӯз аз хабарҳо дар бораи боздошти мухолифин, мақомот дар ин бора хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот модарашро дастгир кардаандШикояти мухолифон аз боздошту бозпурсии наздиконашон дар Тоҷикистон