Мақомот дар он гуфтаанд, ки дар солҳои 2019-2021 ба чанд ширкат ҳаққи ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилову нуқра ва маъданҳои дигари гаронбаҳоро доданд.
Чизе, ки бояд чанд сол қабл нашр ва дастраси ҳама мегардид, аммо риоя нашуд ва ҳузури Тоҷикистонро дар Ташаббуси байнулмилалии шаффофият барои як муддат боздошт.
Исфандиёр Яздонзода, ҳамоҳангсози Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Тоҷикистон, сабаби дер дастрас шудани гузоришро ба ҳамагири COVID-19 пайванд дод. Мақомот дар хулосаи худ камбуди пулро ҳам зикр кардаанд.
Гузориши нав (аз замони пайвастани Тоҷикистон ба Ташаббуси байнулмилалии шаффофият ҳисоботи чорум) рӯзи 28-уми сентябр дар Душанбе муаррифӣ шуд. Онро Ташаббуси байнулмилалии шаффофият моҳи майи имсол дастрас кардааст.
Бинобар он 14 ширкат, аз ҷумла Корхонаи Саноати Кӯҳии Тоҷикистону Чин ва ТBЕА барои корҳои иктишофӣ дар Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт то 2031 иҷозатнома гирифтаанд. Барои истихроҷи маъдан дар солҳои 2020-2021 ба ҳабдаҳ ширкат ҳақ дода шудааст. Дар миёнашон "Тиллои Тоҷик" низ ҳаст.
Аммо ончи мояи ташвиши бисёриҳо дар Тоҷикистон аст, ин аст, ки чаро то ҳол омори дақиқ дар бораи маъданҳои гаронбаҳои истихроҷшуда нашр намешаванд? Исфандиёр Яздонзода гуфт, “мо интизори он ҳастем, ки санадҳои дахлдор қабул шаванд. Он вақт чунин иттилоъ манзури шахсони манфиатдор мешаванд.”
Баъзе аз намояндагони ширкатҳо мегӯянд, мушкил танҳо дар ифшои омори истихроҷи маъданҳои нодир нест. Татяна Кириллова, мушовири мудири иҷроияи Ширкати тоҷикистонӣ ва амрикоии “Анзоб”, рӯзи 28-уми сентябр гуфт: “На ҳама сомонаи идораҳои давлатӣ боз мешаванд. Шояд роҳбарони ин ниҳодҳо манфиатдор нестанд, ки сомонаи онҳо фаъол бошад ва мардум аз он ҷо иттилоъ бигиранд.”
Хонум Кириллова афзуд, махсусан бахши иттилоърасонӣ дар бахши иҷозатномадиҳӣ барои истихроҷ нигаронкунанда мондааст. “Чунин иттилоъ бояд дастрасӣ ҳама бошад, вале ин кор каме мелангад”, -- гуфт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тибқи гузориши чоруми “Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Тоҷикистон” ҳоло дар кишвар даҳҳо ширкат машғули ҷустуҷӯ ва истихроҷи маъданҳои мухталиф ҳастанд. Омӯзиши ин феҳраст баёнгари он аст, ки қисме аз онҳо ширкатҳои чинӣ ё ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҳастанд.
Ин амр боис шудааст, ки дар миёни сокинон тасаввуре пайдо гардад, ки мақомот истихроҷи конҳои муҳими кишварро осон дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ гузоштаанд.
Коршинос Ҷаҳонгир Неъматов гуфт, дар асл иҷозатномаро баъд аз омӯзиши пурра ба ширкатҳо медиҳанд. “Солҳои охир баъзе иҷозатномаҳо тариқи озмун дода мешавад. Баъзе иҷозатномаҳо аз тариқи гуфтушунидҳои пешакӣ дода мешавад,” – шарҳ дод ӯ.
Дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷа, асосан Чин, садҳо ҳазор тонна маъдан бурда шудааст. Арзиши умумии он ба 731 миллион доллар мерасад. Як дастраскунандаи маъданҳои металҳои гаронбаҳои Тоҷикистон дар соли гузашта Сингапур шуд. Қазоқистону Узбекистон низ дар ин қатор ҳастанд.