Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки феълан дар кишвар 17 ширкат иҷоза дорад, то омӯзишҳои геологӣ ва иктишофи маъданро анҷом диҳанд. Ба иттилои намояндагони ин ниҳод, аксари онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба чунин ширкатҳо барои гузаронидани омӯзишҳои геологӣ 58 иҷозатнома додаанд.
Ӯ посухи дақиқ надод, ки чанде аз ин ширкатҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ё ширкатҳои чинӣ рост меояд. Танҳо исми баъзе аз ширкатҳоро аз қабили "Ширкати куҳию саноатии Тоҷикистону Хитой", "ТВЕА Душанбе", "Оби ҳаёт", " Сомон ойл", "Зарин" ва "Иттифоқи бародарон"-ро ном гирифт.
Ширкатҳо дар сурати кашфи маъдан тибқи муқаррарот барои истифодаи он бо мақомоти тоҷик қарордод имзо хоҳанд кард. Аммо ҳаҷми сармоягузориву шартҳои қарордод на ҳамеша барои ҷомеа дастрасанд. Ба иттилои Саридораи геология дар як соли ахир ин ниҳод бо 71 ширкат қарордоди истихроҷи маъданро ба имзо расонидааст. Вале масъулон ҷузъиёт надоданд, ки чанд дарсади истифодабарандагони қаъри замин дар кишвар ба ширкатҳои чинӣ рост меояд.
"Бо фоиз пешниҳод намудани маълумотро надорем, инро метавон аз вазорати саноату технологияҳои навин пурсид, вале бештари ширкатҳо ширкатҳои муштараканд" - афзуд, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Пешдастии ширкатҳои чинӣ дар бахши маъдани куҳии Тоҷикистон солҳои пеш низ аз минбарҳои гуногун садо медод. Огоҳон бар ин назаранд, ки ширкатҳои чинӣ конҳоеро дар ихтиёр доранд, ки аз лиҳози захираи маъдан бою ғаниянд.
Ба ҷуз аз ширкатҳои чинӣ дар бахши маъданҳои куҳии Тоҷикистон сармоягузорони дигари хориҷӣ низ амал мекунанд, вале саҳми ин кишвар дар истихроҷи маъданҳои кишвар назар ба дигар кишварҳои ҳамкор бештар гуфта мешавад.
Тиллову нуқраву рӯҳ
Ба гунаи мисол, “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” ба истихроҷу коркарди маъданҳои сурбу рӯҳ дар конҳои Олтин-Топкан (ҳоло Зарнисор) ва Пай-Булоқ сару кор дорад. “Бартек Тоҷикистон майнинг” кони Мушкистон дар ноҳияи Панҷакентро аз худ ва коркард мекунад. China Nonferrous Gold Limited дар ноҳияи Ваҳдат тило истихроҷ мекунад.
Қаблан Вазорати саноати Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ширкати чинии ТВЕА ба истихроҷи ду кони тило “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ сару кор мегирад. Ширкат ба ин конҳо дар ивази бунёди МБГ “Душанбе - 2”, ки арзиши он 330 миллион доллар аст, даст ёфтааст.
Ширкатҳои хориҷӣ баъзан ашёи хомро аз Тоҷикистон мебаранд ва маҳсулотро дар берун аз кишвар омода мекунанд. Коршиносон эътироф мекунад, ки Чин зарфиятҳои бузург ва таҷрибаи муносиб дар бахши маъданҳои кӯҳӣ дорад, вале нуфузи густурдаи он дар чунин бахш хатарҳое низ дорад.
Эҳтиёткор бояд буд?
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тоҷик набояд хатари ҳузури Чин дар тарҳои гуногун, аз қабили истихроҷи маъданҳои кӯҳиро нодида гирад.
"Масалан онҳо метавонанд бар ивази ҳамон сармояе, ки гузоштаанд, ҳамон конҳову ҳамон ҷое, ки захира аст бигиранд. Дар ин чанд сол мо шоҳид будем чанд захираи тиллоро гирифтанд ҷояшро ба хотири чанд миллион доллар, ин як чизи воқеӣ аст, ба хотири он ки Тоҷикистон кишвари пардохтпазир нест, дар оянда низ чунин имконро надорем, ба ҳамин хотир эҳтиёт кардан даркор"- таъкид кард, Зулфиқори Исмоилиён.
Чунин иддаоро масъулони идораҳои марбутаи давлатӣ рад намуда, Чинро як шарики боэътимод номида, ҳамкорӣ бо ин кишварро намунаи хуби сармоягузории хориҷӣ медонанд.
Чин аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон буда, дар соли 2021 ин кишвар бо ворид намудани 210 миллион доллар сармояи мустақим ба иқтисоди кишвар ҳамоно дар ҷойи аввал қарор дорад. Ба иттилои расмӣ, қарзи Тоҷикистон аз Чин 1 миллиарду 39 миллион доллар аст ва ин маблағ қариб 34 дарсади қарзи хориҷии кишварро ташкил медиҳад.