Довуд Хотирӣ
Намедонам, дигарон чӣ назар доранд, аммо ман аз суҳбат бо шахсе, ки дар соҳаи худ яке аз беҳтаринҳост, ҳаловат мебарам. Муҳим нест, ки ӯ кафшергар, табиб ё физик аст, муҳим он аст, ки ӯ беҳтарин нафари соҳаи худ аст.
Рости гап, бештари чунин инсонҳо кадрҳои даврони Шӯравиянд ва сол то сол шумораи онҳо камтар мешавад. Чора нест, табиист, ки пир мешаванд ва аз дунё мегузаранд...
Дар садаи гузашта, дар давраи гул-гулшукуфии Иттиҳоди Шӯравӣ геологияи СССР, аз ҷумла геологияи тоҷик, дар ҷаҳон пешсаф буд. Бо шарофати геологияи Шӯравӣ имрӯз Русия дар зери сахттарин таҳримҳои ҷаҳонӣ зинда мондааст, зеро тамоми конҳои бузурги маъдан, ки ҳоло Русияро “мехӯронанд”, дар аҳди Шӯравӣ кашф ва азхуд шудаанд.
Ҳамчунин иқтисоди Тоҷикистон, ки дар 30 соли истиқлоли ширинхаёлияш дар ин ҷо ягон кони калони маъдан кашф нашудааст, маҳз ба ин далел вуҷуд дорад. Чизе, ки имрӯз давлати Тоҷикистонро “мехӯронад”, ҳамон кону маъданҳое ҳастанд, ки геологҳои тоҷик дар замон ҶШС Тоҷикистон ёфтаанд.
Аммо мушкил дар кадр нест, балки дар муносибати ҳукумат ба ин соҳа аст ва натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки беҳтарин геолог, кӯҳкан ва ронандагони техникаҳои кӯҳканӣ кишвари моро тарк карданд. Моро имрӯз насиб гашт, бо Геологи Хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, ки ҳоло дар вилояти Маскав кору зиндагӣ дорад, вохӯрем. Пеш аз ҳама, бояд бигӯям, ки ҳамсуҳбати мо беҳтарин донандаи конҳои тилои сарзамини тоҷикон буд. Мо мехостем, суҳбат бо ӯ шавқовару дар бораи даврони дурахшони Шӯравӣ, кори геологҳои тоҷик бошад, вале он як суҳбати душвор дар бораи қадри геологи тоҷик ва чӣ қадар ҷамъ шудани дарду кина дар дили он анҷом шуд.
Ҳамсуҳбати мо баъд аз кашидани оҳи сарду дароз гуфт, кони парешонтилои Ёхсу яке аз бойтарин конҳои тилои осонёфт дар Осиёи Марказист. Маҷрои бостонии дарёи зархез, ки зиёда аз 20-25 миллион сол пеш ҷорӣ шуда буд, аз пуштаи Дарвоз оғоз ёфта, то ноҳияҳои ҳозираи Сангвор, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин густариш ёфтааст. Биноан, ин корхона дар замони Шӯравӣ “кони Дарвоз” ном дошт ва баъдан бо омадани бритониёиҳо дар миёнаҳои солҳои 90-ум номи Корхонаи муштараки бритониёӣ - тоҷикии “Дарвоз”-ро гирифт.
Фирори кадрҳо аз охирҳои солҳои 90-ум сар шуд. Ин боис шуд, ки корхона ба КВД “Тиллои тоҷик” табдил ёфт, одамони тасодуфӣ мутахассисони роҳбарикунандаро иваз карданд.
Соли 2009 Алимурод Элмуродов, мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Тиллои тоҷик” таъин шуд, ки ӯ қаблан сардори корхонаи дӯзандагии “Гулистон” буд, ки барои кӯдакон шиму “шорти” медӯхт. Ӯ дар бораи саноати кӯҳӣ чиро медонист? Ҳеч чиз! Ягона “арзиш”-и ӯ дар ин буд, ки бо "Оила" наздикӣ дошт. Ҳама корҳое, ки ӯ дар солҳои дарози мудирияти кони тило барои рушди саноати маъдани Тоҷикистон анҷом додааст, ин аст, ки ӯ дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Тиллои тоҷик” як хоҷагии ёрирасон ташкил намуда, дар он сабзавоткорӣ мекард.
Баъдан як масъули Вазорати молияи Тоҷикистонро ба ин вазифа таъйин карданд. Сипас курсии раҳбарии корхонаро ба як сохтмончӣ доданд ва дар ниҳоят ҳафт сол пеш Зариф, ҷияни Зоҳир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов, мудир таъйин шуд.
Он замон Зариф 33 сол дошт ва албатта, намедонист, ки истихроҷи тило чист ва он кон дар куҷост. Дар мавриди онки ин ҷавони “болаёқат” дар 33-солагии худ дар бахши саноат чӣ таҷрибае дошт, ҳоҷати гап задан нест. Ягона бартарии ӯ ин буд, ки узви "Оила" аст. Дар наздикии Корхонаи воҳиди давлатии “Тиллои тоҷик” корхонаи истихроҷи тилои “Артель старателей” кор мекард, ки номи онро ба “Дастрас” иваз карда, раҳбарии онро бародари Зариф -- Фатҳулло Соҳибов бар дӯш гирифт.
Номи Корхонаи истихроҷи тилои "Союззар" ба "Нахш" иваз карда шуд ва онро амакбачаи узви Оила Амриддин Нахшов “ба мерос гирифт”. Номи корхонаи “Одина”-ро низ ба “Авесто Одина” иваз карданд ва он дар Даштако кор мекунад. Ҳоҷат ба шарҳ нест, ки “Авесто” ба кӣ таалуқ дорад. Конҳо аз Себикопп то Зилолакро Исмоил, писари Ҳоҷӣ Қаюм, ширкати “Авесто Одина” “гирифт”.
Ин ҳама танҳо конҳои тилои ноҳияи Ховалинганд ва дар паси теппаҳои ноҳияи Сангвор (Тавилдара), дар конҳои Сағирдашт ва Банди Сариоб ширкати “Таком Голд”, ки ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад, кор мекунад. Дар кони ноҳияи Айнӣ ҳам "бачаҳо"-и Ҳасан Асадуллозода кор мекунанд. Дар конҳои тарафи Муъминободу Шӯрообод, бар асоси иттилои дарёфтӣ ва нақли шоҳидон, ба шарофати домоди дигар ва узви Оила -- Ашраф хонаводаи Гуловҳо кор мекунанд.
Мо аз таърих огаҳем, вақте дар асри 18 хонаводаи Ротшилдҳо аз нигоҳи молӣ тақвият ёфтанд, онҳо тасмим гирифтанд, тамоми конҳои тилои сайёраро соҳибӣ кунанд ва то ба ҳол низ бо ин кор машғуланд. Ба назар мерасад, “Оила”-и мо низ як замоне худро “Ротшилдҳои сарзамини тоҷикон” пиндошта, тақсими конҳои тилоро байни худ оғоз кардаанд.
Агар ман иштибоҳ кунам, пас бароям бигӯед, ки мудирони “Тилои тоҷик” бар асоси кадом меъёрҳо таъйин мешаванд? Конҳои тайёре, ки дар гузашта геологҳои тоҷик дар давраи ҶШС Тоҷикистон кашф карда буданд, аз рӯи кадом меъёрҳо тақсим мешаванд? Куҷост озмуну тендерҳо барои беҳтарин лоиҳаи сармоягузории азхудкунии маъданҳои фоиданок дар сарзамини мо Тоҷикистон?
Ба ҷойи тендерҳо шармандагии азиме дар расонаҳои ҷаҳонӣ рӯй дода буд, ки Шамсулло Соҳибов кони тилои Покрутро дар ивази як хона дар Лондон ва 8,2 миллион доллар "ҳадя" ба хориҷиён фурӯхта буд. Ин қазия дар Тоҷикистон тафтиш карда нашуд ва ҳамин тавр бозӣ бо сарватҳои миллии кишвар идома дорад.
Аз ҳама аламовараш он аст, ки ин бачаҳои мисли “тарошаи аз бом афтода” дар ҷустуҷӯи тило даст ба истихроҷи ваҳшиёна мезананд ва ин боиси фақир шудани замини тило ва офатҳои экологӣ хоҳад гашт. Вақте дар шаҳри Кӯлоб обхезӣ шуду чандин қурбонӣ бар ҷой гузошт, касе нагуфт, ки он маҳз аз истихроҷи ваҳшиёнаи тило дар болооби дарёи Ёхсӯ рӯй додааст. Вақте онҳо ба хотири сарфаи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ партовҳои қум - эфил аз партовҳои ППМ (корхонаҳои шустушӯӣ)-ро ба ҷои дар конҳои коркардшуда мувофиқи шартҳои техникӣ гӯронидан ба дарёи Ёхсӯ мепартоянд ва он боиси офати табиӣ дар поёноби дарё мешавад.
Бале, ба ман муяссар нашуд, ки бо геологи бузурги (аз гуфтани ин калима наметарсам) тоҷик суҳбати гарму шавқоваре дошта бошам. Вақт чизи даркорияшро мегирад ва ҳар яки мо нохудогоҳ пир мешавему дар зиндагӣ гул-гулшукуфии иқтисоди Тоҷикистонро намебинем. Дар ҳоле ки Ротшилдҳои тоҷик дар ярмаркаи шуҳратпарастии худ бо фурӯши маъданҳои сарзамини мо машғул ҳастанд.
Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
Гуфтугӯ