Мулоқоти Ҷо Байден бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро коршиносон як ҳодисаи "пураҳамияти таърихӣ" ва гардиши наве дар сиёсати Амрико дар минтақа медонанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 19-уми сентябр дар Ню-Йорк бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" (Панҷ бар иловаи як) мулоқот кард. Ӯ ин мулоқотро “лаҳзаи таърихӣ” номид ва гуфт, дар ҳамкорӣ бо панҷ кишвар “мо нерӯмандтар ҳастем ва ҷаҳон амнияти бештар хоҳад дошт.”
Мулоқоти президенти Амрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ камсобиқа буд. То кунун дар қолаби "С5+1", ки аз соли 2015 амал мекунад, танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд.
Ин дидор дар шароите баргузор шуд, ки Амрико бо ду шарики калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия бар сари ҷанг дар Украна ва бо Чин барои тасмимҳояш дар мавриди Тайван мухолифат дорад. Амрико аз ҷумлаи кишварҳои аслиест, ки Русияро барои ҷангаш дар Украина таҳрим кардааст ва дигар кишварҳоро низ барои анҷоми ин амал ташвиқ мекунад.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳз мухолифатҳои Амрико бо Русия минтақаи Осиёи Марказиро барои Амрико муҳимтар кард. Ӯ гуфт, Амрико намехоҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давр додани таҳримҳо ба Русия кӯмак кунанд ва вобастаи ин кишвар бошанд.
Қаблан мақомоти кишварҳои ғарбӣ гуфта буданд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кишварҳои аврупоӣ молу маҳсулот дастрас мекунанд ва онҳоро хилофи меъёрҳои таҳрим ба Русиия интиқол медиҳанд.
“Амрико кушиш мекунад, ки таҳрими Русия ҷиддитар шавад ва ягон роҳи расидани молу маҳсулот ба ин кишвар боқӣ намонад. Дар марҳилаи имрӯза Амрико намехоҳад, ки кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери таъсири Русия боқӣ монанд, ҳам бо сабабҳои иқтисодӣ ҳам бо сабабҳои сиёсӣ. Талош доранд, ки ҳарчӣ бештар Русияро ба чолиш кашанд ва ин кишвар аз ҷанг даст кашад,”—гуфт Муллоҷонов.
Беш аз сад сол боз Осиёи Марказӣ зери нуфузи Русия қарор дорад ва ба қавли коршиносон, дар сӣ соли ахир Маскав талош кардааст, ки панҷ кишвари минтақа бо хостаҳои ӯ амал кунанд.
Темур Умаров, ходими илмии Маркази Карнегии Берлин мегӯяд, ҳарчанд таваҷҷӯҳи ИМА ба Осиёи Марказӣ мисли Русия собиқаи тӯлонӣ надорад, вале он зоҳиран кутоҳмуддат низ нест.
Ин коршинос мегӯяд, Амрико ҳанӯз аз оғози истиқлоли ин кишварҳо аз Шӯравӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ дошт ва ҳангоми ҳузури 20 солааш дар Афғонистон ҳамкориҳо қавитар шуданд. Ӯ гуфт, мулоқоти Байден бо панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ ҳам як навъ “мутақоид кардани онҳо ба ин аст, ки Амрико шарики стратегӣ аст, на шарик барои як мӯҳлати кутоҳ.”
Солона Амрико дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Фарҳод Толибов, коршиноси узбекистонӣ мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳама муддат бо эҳтиёт ва ба дарназардошти наранҷондани Чину Русия кумакҳои ИМА-ро қабул мекунанд.
Амрико бо вуҷуди кумакҳо дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои нақзи ҳуқуи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад. Бархе бар ин назаранд, ки эҳтимол бо наздикшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тақозоҳои ИМА вазъ дар ин самт тағйир кунад.
Темур Умаров, ходими илмии Маркази Карнегӣ мегӯяд, “фикр намекунам, ки ин вохӯрӣ комилан сиёсатҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро тағйир диҳад.”
Ба қавли ӯ, Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа ҳанӯз тамосҳои қавӣ бо Русия доранд ва дар гумон аст, ки мавқеаш ба якборагӣ дигар шавад.
“Ман фикр мекунам, ки барои Раҳмон албатта муҳим ин аст, ки ӯро на танҳо Чину Русия, балки Амрико низ қабул дорад. Фикр мекунам, ки пас аз ин тағйироти ҷиддие нахоҳад шуд, вале барои Тоҷикистон муҳим аст, ки Амрико бо ӯ мавзӯъ барои гуфтугӯю муҳокима дорад,”—гуфт, ӯ.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) пеш аз баргузории ин мулоқот аз Ҷо Байден хост, ки аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ риояи ҳуқуқи башарро талаб кунад. Ҳоло маълум нест, ки Ҷо Байден дар дидор бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ то куҷо масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро тақозо кардааст. Вале Фарҳод Толибов, коршиноси узбекистонӣ мегӯяд, ин масъалаест, ки Амрико наметавонад онро нодида бигирад ва ҳатман риояи ҳуқуқи инсонро матраҳ хоҳад кард.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, албатта ин мавзӯъ матраҳ хоҳад шуд, вале он ҷиддӣ гирифта намешавад.
“Дар ин бора сӯҳбат зиёд нест. Ҳадафҳо дигар аст. Барои Амрико дар шароити кунунӣ риояи ҳуқуқи башар вазифаи дуюмдараҷа аст. Дар ин мавзӯъ гап мезананд, вале онро ҷиддӣ намегиранд,”—гуфт ӯ.
Дар гузашта талошҳои наздикшавиии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрикоро Русия дар мисоли тарғибгарони сиёсатҳояш ба сахтӣ қабул карда буд. Фарҳод Толибов мегӯяд, бо вуҷуди эҳтиёткорона рафтор кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русияро талошҳои наздикшавӣ нигарон хоҳад кард.
“Ин вохӯрӣ ҳатман дар як доираи муайян асабонияти Русияро ба бор хоҳад овард. Фикр мекунам, ки чунин вокунишҳо аз рӯи мантиқ нестанд, чун ҳамкориҳои кишварҳои ОМ бо ИМА аҳамияти хос дорад ва ба Чину Русия мустақим дахолате надорад,”—гуфт ӯ.
Дар ин нишаст Ҷо Байден президенти Амрико ваъдаи бештари ҳамкори бо кишварҳои Осиёи Марказиро дод. Кишварҳои минтақа аз Русия барои ҳамкории ҷиддӣ накардан ҳамеша гила мекунанд. Аз ҷумла, 14-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасте дар Остона Путинро танқид кард, ки Русия барои беҳбуди вазъи Тоҷикистон ҳеч кори амалие намекунад.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар чунин шароит талош хоҳанд, ки барои манфиаташон бо ҳар кишвар ҳамкорӣ кунанд, бо вуҷуде, ки Чину Русия инро қабул надоранд.
“Вокуниши ҳарду кишвар (Чину Русия) манфӣ хоҳад буд. Пеш аз ҳама вокуниши Русия. Албатта, Русияро хуш намеояд, вале коре карда наметавонад. Вокуниши Чин маъмулан намоён нест, вале фикр намекунам, ки аз талошҳои Амрико дар минтақа хушҳол бошад,”—гуфт Муллоҷонов.
Ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари ОМ бо президенти ИМА маълум нест, вале Ҷо Байден ваъда дод, ки бо онҳо дар яке аз кишварҳои минтақа боз мулоқот хоҳад кард.
Агар сафари Байден ба Осиёи Марказӣ сурат бигирад, ин сафари нахустини як президенти Амрико ба ин минтақа дар сӣ соли истиқлоли кишварҳо хоҳад буд.