Пайвандҳои дастрасӣ

Байден ва роҳбарони панҷ "истон"-и Осиёи Марказӣ чӣ хоҳанд гуфт?


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои вохӯрӣ бо президенти ИМА Ҷо Байден ва ширкат дар Маҷмааи умумии СММ ба шаҳри Ню-Йорк рафтаанд. Қарор аст, аввалин дидори Байден бо роҳбарони панҷ кишвари ОМ ин ҳафта баргузор шавад.

Баъзе расонаҳои ғарбӣ навиштаанд, Амрико бояд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи ҷомеаи шаҳрвандӣ кафолатҳое бигирад. Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз таъсири афзояндаи Чин ба Осиёи Марказӣ, Вашингтон мехоҳад таваҷҷуҳи худро ба ин минтақа бештар кунад.

Нашрияи амрикоии Joint Security, ки мавзуъҳои амният, сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқи инсонро инъикос мекунад, навиштааст: таваҷҷуҳи дубораи сиёсатмадорони амрикоӣ ба Осиёи Марказӣ, як қисми талоши онҳо барои муқобила бо нуфузи Чин ва ҷалби роҳбарони минтақа дар пасманзари таҷовузи Русия ба Украина аст.

Муаллифони матлаб мушовирони ташкилоти Saferworld Ҷордан Стрит ва Иля Ҷонс навиштаанд, ИМА аз шартномаҳои иқтисодии Чин бо Осиёи Марказӣ нигарон аст. Нигаронии дигари Амрико ин будааст, ки Русия ба воситаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳримҳоро давр мезанад.

"Вашингтон зарурати инро дарк мекунад, ки бояд муносибати дипломатиро бо бисёр кишварҳо тақвият бахшад, то дар масъалаи Украина дастгирии бештар пайдо кунад. Гумон аст, ки дар ин нишаст пешрафтҳои фаврӣ ҳосил шавад, вале ин мулоқот ба ҳар ҳол ҳамчун як иқдоми рамзии пуштибонӣ аз минтақае хоҳад буд, ки кайҳо боз дар сиёсати хориҷии Вашингтон дуввумдараҷа шуда буд,"-навиштааст нашрия.

Роҳбарони Осиёи Марказӣ дар Чолпон-отаи Қирғизистон. 20 июли соли 2022
Роҳбарони Осиёи Марказӣ дар Чолпон-отаи Қирғизистон. 20 июли соли 2022

Стрит ва Ҷонс навиштаанд, агар ҳукумати Байден барои эҷоди робитаи мусбат бо Осиёи Марказӣ ҷиддӣ бошад, набояд ба минтақа танҳо аз рӯи афзалиятҳои маҳдуди худ нигоҳ кунад, балки тавозуни манфиатҳоро ҷустуҷӯ кунад.

Муаллифон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки Иёлоти Муттаҳида дар ин дидор се масъалаи муҳимро баррасӣ мекунад: манфиати тарафайн ба якборчагӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳифзи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саркӯб ва зарурати пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти таъмини амният.

Дастгирии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи таъмини амният дар минтақа низ эҳтимол дар дидори роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд. Ба бовари муаллифони гузориши нашрияи Join Security, Вошингтон бояд эҳтиёткор бошад, зеро фаъол шуданаш дар Осиёи Марказӣ, ки дар он ҷо манфиатҳои Русия ва Чин ҳам ҳаст, метавонад ташаннуҷ эҷод кунад.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Эълони хабари дидори роҳбарони ОМ бо президенти Амрико аз оғоз норозигии Маскавро ба миён оварда буд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае гуфт, Ғарб мехоҳад шарикони Маскавро “фиреб карда, водор намояд, ки аз ҳамкорӣ бо Русия худдорӣ кунанд.” Аммо Ҷейк Салливан, мушовири амнияти Кохи Сафеди ИМА ахиран дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, "саммит зидди ҳеч кадом кишваре равона нашудааст".

Муаллифони гузориши нашрияи Join Security навиштаанд, дар пасманзари ҳарфҳои таҳдидомези Маскав, барои Вашингтон муҳим аст, ки худро ҳамчун як шарики боэътимод барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунад. “Ҳамчунин зарур аст, ки ИМА ҳамкориро дар самтҳои тағйири иқлим, дастрасӣ ба бозор ва лоиҳаҳои фаромиллӣ тақвият бахшад.”

Дар айни замон нашрия навиштааст, Амрико бояд аз кишварҳои минтақа дар масъалаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолатҳое бигирад. Ба таъкиди муаллифон, Вашингтон метавонад вазъиятро беҳтар ва кумак ба ҷомеаи шаҳрвандиро бештар кунад.

Дидори президенти Амрико бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ дар доираи нишасти "С5+1" доир мешавад. Ин гуна нишастҳо аз соли 2015 баргузор мегарданд ва як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст. Нишасти мазкур дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Департаменти давлатии ИМА баргузор мешуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG