Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мулоқоти Байден бо сарони Осиёи Миёна чӣ гузашт?


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 19-уми сентябр дар Ню-Йорк бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот кард. Вохӯрии раиси ҷумҳури Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев, Содир Ҷабборов, Қосимҷомарт Тоқаев ва Сардор Бердимуҳаммадов, дар қолаби "С5+1" доир шуд.

Ба иттилои Кохи Сафед, Ҷо Байден дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар, ба ҳимояти давомдори кишвараш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолиятҳои тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид кард ва таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба риоя намудани ҳуқуқи маъюбон ҷалб намуд.

Дар остонаи ин вохӯрӣ, созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороте аз президенти Амрико Ҷо Байден хоста буд, ки дар мулоқот бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин давлатҳо дар миён гузорад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 18-уми сентябр дар изҳороте гуфт, ҳамлаи Русия ба хоки Украина таваҷҷуҳро ба минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ дубора зиёд кард, вале Ҷо Байден набояд иҷозат бидиҳад, ки ин вазъ ба масъалаи доғи ҳуқуқи башар соя андозад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвора дар гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар барои риоя накардани ҳуқуқи инсон интиқод мешаванд.

Кохи Сафед дар хабарномаи худ ҳамчунин гуфт, раиси ҷумҳури Амрико ин нишастро, ки барои аввалин бор дар ин сатҳ баргузор мешавад, "лаҳзае таърихӣ", тавсиф кард.

"Фикр мекунам, ки ин як лаҳзаи таърихӣ аст. Мо бар пояи робитаҳои наздики Осиёи Миёна ва ИМА, ки солҳои тӯлонӣ идома дорад, ҳамкорӣ мекунем, ки ба ӯҳдадориҳои муштараки мо ба истиқлолият ва тамомияти арзӣ, асос ёфтааст",-гуфтааст оқои Байден.

Ҷо Байден ишора кард, ки ин талошҳо шомили тақвияти ҳамкориҳои зидди терроризм, афзоиши маблағгузории амниятиии Амрико дар минтақа ва робитаҳои тиҷоратии нав бо бахши хусусии Амрико аст.

Ба навиштаи "Садои Амрико", ҳеҷ яке аз панҷ раҳбар пас аз ин мулоқот бо хабарнигорон суҳбат накарданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам навишт, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин мулоқот пешниҳодҳое доштанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, нақлиёт ва обу энержӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, мавзуи дигари суханони оқои Раҳмон, вазъи Афғонистон ва ҳифзи марзҳо будааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ин нишаст бар алоқаи рӯ ба афзоиши Вашингтон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG