Мансабдорон дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст. Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд. Тоҷикистонро аз Афғонистон танҳо як дарё ҷудо мекунад, аммо як роҳи қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя мемонад.
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст ва мақомот борҳо аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир тариқи ин ноҳия хабар доданд.
Нурулло Мирзозода, раиси ин ноҳия зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ним сол ду кӯшиши убури марзро сабт кардаанд. "Як шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистонро безарар гардонданд. Дар ҳамин ду марзшиканӣ 120 кило мавод мусодира шуд,"-афзуд Мирзозода.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаби 12-уми сентябр мавриди нави қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон сабт шудааст. Марзбонҳои тоҷик гуфтанд, қочоқбарон итоат накарданд ва даргирӣ сурат гирифт. Ба фарзияи расмӣ, ҳашишҳои овардаи қочоқбарон мусодира шуд, аммо худашон ба самти Афғонистон гурехтаанд.
Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, нақши баъзе аз сокинонро дар пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир сарфи назар намекунад.
Зафар Гулзода мегӯяд, "мардуми ноҳия, ки дар сарҳад бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳастанд, ягон давру замон бетарафӣ зоҳир намекунанд."
Тарафи Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи “Толибон” афзуд. Ин нукта дар нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 14-уми сентябр дар Душанбе ҳам садо дод.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, мақомоти қудратии кишвар танҳо соли гузашта дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ тонна маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 22% зиёд будааст.
Намояндагони “Толибон”, ки беш аз ду сол боз ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст доранд, баръакс, аз кам шудани кишт ва қочоқи маводи мухаддир суҳбат мекунанд. Чизе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ камтар бовар дорад.
Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, зиёда аз 1300 километр марз дорад ва тирандозӣ бо қочоқбарон дар сарҳад ҳар сол такрор мешавад. Дар гузашта дар чунин даргириҳо аз ду тараф чандин нафар кушта шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мусодираи беш аз 50 кило ҳашиш дар марзи Узбекистон бо ТоҷикистонДар давраи Толибон дар Афғонистон кишту қочоқи маводи мухаддир хеле афзоиш ёфтаастҚочоқи маводи мухаддир дар Русия. Муҳоҷиронро кӣ истифода мебарад? ВИДЕОТоҷикистон хоҳони "камарбанди амниятӣ" дар марзи Афғонистон шудМаъмурони амниятӣ аз Бадахшон ба қароргоҳҳояшон бармегарданд