Гуруҳе аз сарбозону афсарони неруҳои амниятии Тоҷикистон, ки барои муқобила бо қочоқбарони маводи мухаддир ба Бадахшон сафарбар шуда буданд, ба қароргоҳҳои доимии худ бармегарданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми апрел дар роҳи Душанбе-Бадахшон шоҳиди бозгашти чанде аз мошинҳои низомӣ буд, ба самти Душанбе бармегаштанд. Неруҳои изофиро ба Бадахшон ҳафтае пеш сафарбар карда буданд, ки онҷо дар марз бо Афғонистон бо гуруҳи қочоқбарони маводи мухаддир тирандозӣ сурат гирифт ва бо марги як афсари баландрутбаи тоҷик поён ёфт.
Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 28-уми апрел гуфт, ки гуруҳи 8-нафарӣ хостанд, миқдори зиёде аз маводи мухаддир ва аслиҳаро ба қаламрави кишвар ворид кунанд. Дар натиҷа байни марзбонону қочоқбарон тирандозӣ сурат гирифт ва қочоқбарон ба қаламрави Афғонистон фирор карданд.
Ба гуфтаи Кумитаи амният, дар ҷараёни задухӯрд, Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кушта шуд ва дар ҷойи ҳодиса “3 ҳаммаслаки қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.”
Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, бештар аз 1300 километр марз дорад ва тирандозӣ бо қочоқбарон дар сарҳад ҳар сол такрор мешавад, вале бори аввал аст, ки чунин як афсари баландпоя дар ин тирандозиҳо ба ҳалокат мерасад.