Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи маводи мухаддир дар Русия. Муҳоҷиронро кӣ истифода мебарад? ВИДЕО


Истифодаи муҳоҷирони корӣ дар қочоқи маводи мухаддир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар Маскав ва баъзе аз шаҳрҳои дигари Русия боздошти таксиронҳову хаткашонҳо ба гумони интиқоли маводи мухаддир бештар шудааст. Аксари онҳо муҳоҷир ҳастанд. Худашон мегӯянд, аслан пай намебаранд, ки дар дохили нома ва ҳар қуттие, ки бояд интиқол бидиҳанд, маводи мухаддир нуҳуфта аст ё чизи дигар.

Хабарнигорон суҳбати ронандаҳои таксиро дар Маскав сабт карданд, ки байни ҳамдигар дар бораи бори шубҳаоваре суҳбат мекунанд. Яке аз онҳо мегӯяд, "пурсидам, ки ягон чизи мамнуъ дорад? Гуфтанд, не. Ҳоло як қуттии дигарро бодиққат тафтиш мекунем, ки чизе ҳаст ё не."

Ҳамон гунае, ки интизор мерафт, дар қуттӣ маводеро ёфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд маводи мухаддир аст. Чунин тарзи додугирифти маводи мамнуъ, ки қочоқбарон барои интиқолаш аз таксирону хаткашонҳои ноогоҳ истифода мекунанд, нав нест. Аммо бо зиёд шудани талабот ба хадамоти боррасонӣ ба хона, ин усул аз нав “зинда” шудааст.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ба ҷуз аз ронандагони таксӣ барои ҳамлу нақли маводи мухаддир аз хаткашонҳо низ зиёд истифода мебаранд.

“Аксар қурбониҳо курйер ҳастанд. Баъзан онҳоро дар бораи бори мамнуъ хабардор намекунанд, гоҳе барояшон рӯшод мегӯянду пули бештар ваъда медиҳанд ва дар куҷо ҷо ба ҷо карданашро мефаҳмонанд. Дар сурати ба даст афтодан, онҳоро зиндон интизор аст,” – шарҳ дод ӯ.

Як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ронандагони таксӣ ва хаткашонҳое, ки ба хонаҳо мол мебаранд, бояд эҳтиёт бошанд: “Боре як муҳоҷири тоҷик занг зад ва гуфт, барояш қуттии сигори электронӣ додаанд, то ба ҷои таъиншуда барад. Вақте онро кушода мебинад, як навъ хокаи сафед ҳаст. Ба муҳоҷир гуфтам, ки аз ҷояш наҷунбад ва фавран ба пулис занг занад. Ҳамин тавр кард ва аз ҷавобгарӣ озод шуд. Вақте борро ба ҷойи таъиншуда мебаранд, исботи он ки курйер бегуноҳ ҳасту бо фармоишгар забон як накардааст, душвор мешавад."

Дар моҳи декабри соли гузашта вазири корҳои дохилии Русия дар бораи зиёд шудани ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир дар миёни муҳоҷирон ишора кард.

Ба гуфтаи Владимир Колоколтсев, дар соли 2022 афзоиши чунин ҷиноятҳо дар байни муҳоҷирон 80 дарсадро ташкил дод. Чизе, ки ба гуфтаи муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо “эҳтимол қисман дуруст аст”, аммо на ба он тарзе ки мақомоти Русия эълон мекунанд.

“Дар баъзе ҳолат худи кормандони пулис барои баланд нишон додани натиҷаи корашон тавассути шахсони махсус ҳамлу нақли маводи мухаддирро ба таксиронҳову хаткашонҳои муҳоҷир супориш медиҳанд. Дар натиҷа, муҳоҷирон, ки дар асл қурбонӣ ҳастанд, аз 3 то 7 сол ба зиндон маҳкум мешаванд,” – хулоса кард Каримҷон Ёров.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG