Нишасти ғайрирасмии панҷ раисҷумҳури кишварҳои минтақа 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мегузарад. Аз соли 2017 ба ин сӯ ин нишасти панҷуми машаваратист.
Дар ин муддат равандҳои геополитикии ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза тағйир кардааст:
- Русия бо Украина вориди ҷанг шуд, ки боис ба сахттар шудани таҳримҳо алайҳи Маскав гардид;
- Рӯёрӯии Чину Амрико вориди марҳилаи тоза шуд.
Дар натиҷа, фишори фазои ноороми ҷаҳонӣ ба панҷ кишвари Осиёи Маорказӣ бетаъсир намондааст. Доираҳои коршиносӣ мунтазири натиҷаҳои мушаххас дар мавриди расидан ба мавқеи муштарак ҳастанд.
АҲАМИЯТИ НИШАСТ
“Ба назари ман, вижагии дидори машваратӣ нишондиҳандаи устуворӣ ва васеъ шудани теъдоди тарҳҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ мебошад. Дувум ин ки иваз шудани ҷойи баргузории нишаст нишонгари он аст, ки панҷ кишвар метавонанд ба тавофуқ бирасанд ва гуфтугӯи баробар дошта бошанд. Сеюм, ин дидор дар шароити печидаи геополитикӣ баргузор мешавад,” – гуфт сиёсатшиноси мустақил аз Қирғизистон Наргиза Мураталиева.
Ба қавли ӯ, чунин дидорҳо ба расмият шинохтани робитаи мутақобил аз сӯи раҳбарон ва нухбагони кишварҳои ширкаткунанда, тақвияти нуфузи байнулмилалии минтақа ва фазои сармоягузорӣ ва ҳамчунин кумак ба “ҳамгомсозии” сиёсати хориҷӣ мебошад.
Аркадий Дубнов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, мегӯяд, дар пасманзари ҷанги Украина кишварҳои минтақа ҳам дар муносибат бо Ғарб ва ҳам Русия дучори нороҳатӣ шудаанд.
“Аввал ин ки ин мушкилиҳо ба вуҷуд омаданд ва онҳоро бояд баррасӣ кард ва ба созиш расид. Аммо тамоми ин дар пасманзари талош барои даст ёфтан ба як рӯйкарди муштарак дар мавриди мавқеи Русия нисбат ба Украина иттифоқ меуфтад. Ин вазъяит як навъ имтиҳон аст, ки ҳувияти кишварҳои Осиёи Марказиро муайян мекунад, ки онҳо мехоҳанд аз тариқи баргузор кардани чунин дидорҳо ба он бирасанд,” -- мегӯяд Дубнов.
ЗИДДИЯТИ ДОХИЛӢ
Дар анҷоми нишасти соли гузашта Тоҷикистон ва Туркманистон ба далели зарурати раванди овоздиҳии дохилӣ аз имзои Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядорӣ ва ҳамкорӣ сарпечӣ карданд. Пас аз як моҳ баъди ин нишаст дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона сар шуданд, ки боис ба марги даҳҳо нафар аз ду ҷониб шуд. Дар ҳоли ҳозир сатҳи ҳамкорӣ байни кишварҳо дар сатҳи поин қарор дорад.
Александр Князев, сиёсатшинос ва шарқшинос, дар мусоҳба бо нашрияи “Независимая газета” нотавонии зотии кишварҳои минтақаро яке аз ҷанбаҳои манфӣ дар ростои расидан ба ҳалли масъалаҳои рақобатӣ ва муноқишаҳо номидааст. Ӯ ба унвони намуна ба мушкили таҳвили молу коло аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба воситаи хоки Қазоқистон ва муноқишаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ишора мекунад.
Ба гуфтаи Наргиза Мураталиева, маҳз форматҳои чандҷониба барои рафъи тазодҳо тарроҳӣ шудаанд. “Худи ҳамин гуфтугӯҳо ба гирифтани монеаҳо ва имконпазир шудани заминаҳои муштарак умед медиҳанд. Барои мисол, дар шурӯи кор метавон тарҳҳои иқтисодӣ ва ё зерсохторӣ бошанд,” -- мегӯяд коршинос.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Таваҷҷуҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чанд соли охир ба таври пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Тайи солҳои гузашта панҷ ҷаласа дар сатҳи гуногун бо ҳузури кишварҳои минтақа баргузор шуд. Дидор дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Амрико–Осиёи Марказӣ дар Остона, Чин–Осиёи Марказӣ дар Сиан, Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар сатҳи сарони кишварҳо дар Алмато ва кишварҳои Халиҷи Форс-Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷидда.
Ғайр аз ин дар нимаи дуюми моҳи сентябр қарор аст нишасти Осиёи Марказӣ–Амрико дар сатҳи раисони ҷумҳурӣ баргузор шавад.
Рӯзноманигор ва коршинос Петер Леонард таъкид мекунад, ки баргузор шудани ин нишаст баёнгари он аст, ки Амрико дар ҳоли таҳияи рӯйкарди худ дар баробари Осиёи Марказист. “Солҳои охир Амрико ба минтақа аз зовияи Афғонистон нигоҳ мекард. Аз ин рӯ, чунин ба назар мерасид, ки тамоми барномаҳои ин кишвар барои ояндаи минтақа ногаҳон аҳамияти худро аз даст доданд”, -- мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи Аркадий Дубнов, раисиҷумҳури Амрико метавонад ба ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ тарҳи бузургеро пешниҳод кунад, ки дар ҷараёни “Гуруҳи 20” дар Ҳинд эълон шуда буд. Ин тарҳ метавонад рақиби тарҳи чинии “Як камарбанд – як роҳ” бошад.
“Оё Байден талош мекунад, ки ба тарзе ҷилави кишварҳои Осиёи Марказиро аз ширкат дар тарҳи чинӣ бигирад, савол мемонад. Аммо ин чиз аён аст, ки амрикоиҳо ба ҳар роҳе талош мекунанд, ин кишварҳоро ба зери чатри ҳамкорӣ бо Амрико ва Ғарб бикашонанд. Сохтори имрӯзии ҷаҳон дар рақобати Чин ва Амрико хулоса мешавад”, - мегӯяд Дубнов.
АФҒОНИСТОН ДАР ДАСТУРИ КОР?
Инчунин, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Бунёди байнулмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст. Оё дар ҷараёни ин нишаст масъалаи канали обёрии Қуштепа, ки аз тарафи Толибон сохта мешавад, баррасӣ хоҳад шуд ё на, ҳанӯз маълум нест. Сохта шудани ин канал ба се кишвари ҳаммарз бо Афғонистон хатар эҷод мекунад.
Рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бовар дорад, ки масъалаи Афғонистон ҳатман дар миён гузошта хоҳад шуд: “Дар ин нишаст масъалаи амнияти минтақа ва вазъият дар Афғонистон ҳатман ба баррасӣ гирифта мешавад, чун мустақим ба минтақаи мо асаргузор аст. Аммо фикр намекунам кадом кишваре мавқеашро дар баробари Афғонистон дигар кунад, чун ҳеч кадоме аз бозигарони ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир иродаи таъсиргузорӣ ба тағйир дар ин кишвар нест.”
Дар сатҳи расмӣ Душанбе дар қиёс бо кишварҳои дигар аз наздикӣ бо ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад. Бо ин ҳол, боз шудани бозорҳои сарҳадӣ бо Афғонистон чанд ҳафта пеш метавонад нишондиҳандаи нармии мавқеъ бошад.