Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кишвари занҳои бева". Матлаби як расонаи Чин дар бораи Тоҷикистон


Як расонаи маъруфи чинӣ омори занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро нашр карда, сабабу омилҳои ба ин ҳол гирифтор шудани онҳоро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар матлаб ба нопойдории оилаҳои нав ва нисбатан кам будани мардон ишора ва вазъи демографии Тоҷикистон ташвишовар унвон шудааст. Ин гузориш баъди сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи май ба воситаи ин сомона ба расонаҳои зиёди Чин паҳн шуда ва мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба он вокунише накардаанд.

Сомонаи хабарӣ ва тиҷоратии Чин бо номи Sohu (搜狐网) рӯзи 25-уми май иттилоъ додааст, ки “Дар Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор зан “бева” (бешавҳар) ҳастанд”.

Дар идома хитоб ба хонандагонаш ин сомона илова кардааст, ки “Шумо бовар карда метавонед? Бо бештар аз 9 миллион аҳолӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор занон бева бошанд. Пас шавҳарони ин занҳо куҷоянд?»

Ҳарчанд маълум нест, ки ин оморро сомонаи машҳури чинӣ аз куҷо гирифтааст, вале навиштааст, ки «бино бар омори марбута, пас аз истиқлолият шумораи аҳолии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, теъдоди бевазанон дар ин давра танҳо боло рафтааст».

Дар маълумотномаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, ки ҳамасола нашр мегардад, дар ин бора чизе навишта нашудааст. Аз Кумитаи кор бо занон ва оила ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин оморе надоранд. Ҳарчанд шумори азҳампошии оилаҳо дар нишастҳои хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта мешавад, вале чанд ҳамсуҳбатони мо аз ниҳодҳои расмӣ гуфтанд, ки дар алоҳидагӣ чунин иттилоъ дар бораи занҳои «бешавҳар»-ро ҳеҷ куҷо дарҷ намекунанд. Зеро ин мафҳум аз нигоҳи ҳуқуқӣ чандин омилу сабабҳои худро дорад ва ҳолатҳои гуногунро дарбар мегирад.

Саодат Олимова
Саодат Олимова

Коршиносон ҳам мегӯянд, ки ҳама занҳои танҳоро “бева” гуфтан нашояд ва пайдо шудани чунин омор хеле суолбарангез аст. Саодат Олимова, коршиноси масоили кор бо занон ва оила дар шарҳи ин ҳолат афзуд: “Барои мисол оилаҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон барои беҳтар кардани зиндагӣ ба муҳоҷират рафтаанд, шояд чанд сол намеоянд, вале ба оилааш кӯмак мерасонанд. Чунин занҳоро ман “бева” гуфта наметавонам. Чунки саробон дорад. Ё духтароне ҳастанд, ки барои гирифтани маълумоти пурра ё сохтани имиҷи корӣ дер шавҳар мекунанд, онҳоро низ мо “бева” гуфта наметавонем. Чунин мисолҳо зиёданд ва дақиқ будани омори нашршударо зери шубҳа мебарад”.

Sohu дар шарҳи матлабаш навишта аст, ки “баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар дохили Тоҷикистон байни қавмияту маҳалҳо ҷанги дохилӣ сар зад ва аксари мардонаш аз кишвар фирор карданд. Баъди он дар хонаводаҳои тоҷик мушкили иқтисодӣ пеш омаду боз мардони боқимонда барои кор ба муҳоҷират рафтанд. Аз онҷо дигар барнагашта бо “паёмаки телефонӣ” занҳояшонро “талоқ” доданд”.

Ин дар ҳолест, ки талафоти ҷонии ҷанги дохилиии Тоҷикистон то 150 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Вале як бахши умдаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки фурсати издивоҷ наёфтаанд. Бар пояи таҳқиқоти созмонҳои кор бо занон ва омори демографии Тоҷикистон, ки як нусхаашро дастраси Радиои Озодӣ сохтанд, дар солҳои ҷанги дохилӣ беш аз 25 ҳазор зан бешавҳар мондааст. Ин нукта дар омори Созмони кор бо гурезагон дар моҳи феврали соли 1995 низ аз рӯйи табақабандии маҳалҳо дарҷ гаштааст. Вале баъди ба эътидол омадани вазъ ва баргардондани фирориён ин раванд коҳиш ёфтааст. Коршинос Саодат Олимова ҳам мегӯяд: “Дар Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ шумори занҳои танҳо аз ҳама каманд. Яъне омори дигар кишварҳо назар ба Тоҷикистон ба маротиб зиёданд. Ҳатто занҳои танҳои Тоҷикистон аз Русияву Қирғизистон ҳам камтар аст”.

Мақомоти интизомӣ ҳар чанд вақт аз боздошти занони фоҳиша хабар медиҳанд
Мақомоти интизомӣ ҳар чанд вақт аз боздошти занони фоҳиша хабар медиҳанд

Вале ин бори аввал нест, ки расонаҳои чинӣ чунин омори зиддунақиз ва мақолаҳои марбут ба занони тоҷикро нашр кунад. Соли 2021 Сомонаи "Мавҷи Озод" (网易-Wangyi) дар мақолаи худ бо имзои Ҷиянг Шен Ян (蒋沈杨) навишта буд, ки "дар Тоҷикистон 14 ҳазор фоҳиша ва 200 фоҳишахона фаъолият доранд. Нархи хидмати онҳо аз 15 юан, муодили каме беш аз 20 сомонӣ (2 доллар) сар шуда, то бештар аз 1000 сомонӣ (тақрибан 100 доллар) мерасад. Ҷалби онҳо инчунин дар кӯчаҳо, барҳо, тарабхонаҳо, клубҳои шабона ва саунаҳо сурат мегирад."

Сомонаи чинии "Мавҷи Озод" дар гузориши худ каму зиёдшавии шумори чунин занонро бо солҳои гузашта ва кишварҳои дигар муқоиса накарда, танҳо навиштааст: “Тоҷикистон, яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, занони зебои зиёд дорад. Азбаски пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, таносуби мардон ва занон ҷиддӣ буда, ба ҳар мард 5 зан рост меояд... Иқтисоди сусти кишвар боис ба рушди танфурӯшӣ мешавад."

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омори нашршударо тасдиқ ё рад накарданд, ҳарчанд дар соли 2018 шумори занони, ба истилоҳи онҳо, “бадахлоқ”-ро бо шумули танфурӯшҳо дар кишвар тақрибан 6 ҳазор кас шумурда буданд.

Дар ҳоле ки мақомот ба матлаби расонаи чинӣ чизе нагуфтаанд, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ба омори нашршуда бо шубҳа менигаранд. Гулҷаҳон Бобосодиқова, мудири созмони “Баробарҳуқуқӣ”, гуфт, “албатта, фоҳишаҳо дар ҷомеаи мо ҳастанд, инро рад намекунем, аммо то дараҷае, ки онҳо воҳима карда истодаанд, нест. Хато кардаанд."

Нусхае аз матлаби расонаи чинӣ
Нусхае аз матлаби расонаи чинӣ

Саодат Олимова, коршиноси масоили кор бо занон ва оила нашри чунин мақолаҳоро барои сохтани афкори ҷомеа дар байни чинитаборҳо “мақсаднок” номид. Вай афзуд: “Шумо медонед барои чӣ дар хабаргузориҳои Чин чунин менависанд? Барои онки як қисми бузурги мардони чинӣ зан надоранд ва ё занон барои оиладорӣ дастрас нест. Барои онки то чанд соли пеш дар онҷо роиҷ буд, ки як оила бояд як фарзанд дошта бошад. Вақте занҳо ҳомиладор мешуданду мефаҳмиданд, ки духтар аст, онро дар батнашон мекуштанд. Яъне ҳама мехост, ки писар дошта бошад, то ки барои падару модараш хизмат намояд. Дар натиҷа садҳо миллион мардони чинӣ имкони зан гирифтанро гум карданд. Нашри чунин мақолаҳо барои мо хавф дорад. Яъне чунин афкори ҷомеа дар онҷо ба вуҷуд омаданаш мумкин, ки “Тоҷикистон барои мо лозим аст, зеро дар онҷо занҳои бероҳагард зиёданд”.

Дар ҳоле ки мақомот расман ба матлаби сомонаҳои чинӣ вокуниш намекунанд, садҳо нафар корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар карданд. Аксари онҳо мақолаи нашрияи чиниро як навъ муаррифии ноҷои Тоҷикистон номида, аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар ва издивоҷи баъзе аз занони тоҷик бо хориҷиён низ танқид кардаанд. Гуруҳе дигар бовар доранд, робитаи занони тоҷик бо мардони маҳаллӣ, чинӣ ё ҳар каси дигар ҳаққу интихоби онҳост.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG