Талаби ду созмон: Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолонро фавран озод кунед

Ду созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар дар муроҷиатномае аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ҳуқуқдон Манучеҳр Холиқназаров ва фаъолону журналистони зиндониро фавран озод кунанд.  

Созмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» (IPHR) ва созмони байнулмилалии CIVICUS дар баёнияе, ки рӯзи 8-уми сентябр, махсус дар ростои рӯзи Истиқлолият нашр шуд, таъкид кардаанд, ки Манучеҳр Холиқназаров, ҳомии ҳуқуқ ва фаъоли тоҷик бо айбномаи сохта, ба мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон шудааст. "Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, бояд бегуфтугӯ ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки беадолатона зиндонӣ шудаанд, озод кунад.”- омадааст дар ин баёния.

Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” моҳи майи соли 2022 ба дунболи эътирози сокинон дар Бадахшон боздошт ва ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.

Холиқназаров узви “Комиссияи 44” буд. Аъзои Комиссия якҷо бо муфаттишони Додситонии кул марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд.

Дар муроҷиати созмонҳои ҳуқуқи башар, аз он интиқод шудааст, ки “Мурофиаи Холиқнзаров паси дарҳои баста гузашта, ба меъёрҳои адолати байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд”

Боздошту ба солҳои дароз зиндонӣ шудани Манучеҳр Холиқназаровро созмонҳои ҳуқуқи башар, идомаи фишорҳои Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҳомиёну фаъолони ин кишвар номида, Тоҷикистонро яке аз давлатҳои саркӯбгартарини ҷаҳон хондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ: Тоҷикистон бо ҳабси журналистону фаъолон ӯҳдадориҳои байналмилалиро зери по кардааст

“Мақомоти Тоҷикистон борҳо бо айбномаҳои бофтаву сохта, хабарнигорон, блогерон ва фаъолону танқидгарони ҳукуматро ба “тундгароӣ” ва “тероризм” айбдор кардаанд.” – гуфта шудааст, дар баёнияи муштараки Созмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» (IPHR) ва созмони байнулмилалии CIVICUS

Бриҷит Дюфур, мудири Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Манучеҳр Холиқназаров 15 моҳ боз барои талошаш ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи одамон ва беадолатӣ дар зиндон аст. “Ӯ танҳо нест. Тоҷикистон бояд фавран Манучеҳр ва ҳама дигар ҳомиёни ҳуқуқро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи одамон зиндонӣ шудаанд, раҳо кунад”- афзудааст, вай.

Дар ҳоле ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомот озодии фаъолони Бадахшонро талаб карданд, Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ онҳоро “аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ” ном бурдааст.

Вокуниши мақомоти тоҷик ба баёния ё талаби нави созмонҳои ҳуқуқи башар оид ба раҳоии Манучеҳр Холиқназаров ва ҳомиёну фаъолон маълум нест.

Созмони байналмилалии CIVICUS Monitor соли равон Тоҷикистонро дар як арзёбӣ дар қатори Туркманистон ва Чину Сурия "давлати пӯшида" ном бурд. Ин баҳои бадтарини ба кишвар буд.

Дар муддати якуним соли гузашта дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерон бо гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Иттиҳомоте, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва худи зиндониён бофтаву сохта номидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолии дувум табдил додаанд" ВИДЕОСММ ба Тоҷикистон: Фаъолони ҷомеа ифротгаро ва террорист нестанд Фаъолон – "туъма"-и саркӯбҳо дар Тоҷикистон ва Узбекистон"Онҳоро шиканҷа ва мурофиаашонро дар даҳ дақиқа ҷамъбаст мекунанд" ВИДЕОCPJ: “Агар Тоҷикистон журналистонро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем"