Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди Абдухалил Холиқзода ба иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ ва маҳалгароӣ парванда боз кардааст. Мақомот далели боздошти Абдуқодири Рустамро нагуфтанд, вале бисёриҳо онро ба нашри "Ҳаводиси рӯзгори ман" пайванд доданд. Муаллиф дар пешсухани китоб гуфтааст, Абдуқодири Рустам дар таҳияи он мусоидат карда.
Ҳоло боздошти ду нафар барои китоб ва навиштани андешаи худ ин баҳсро дар ҷомеа барангехтааст, ки магар инсонро барои ибрози андеша бояд боздошту зиндонӣ кунанд? Барои ҳаққи инсонӣ ва бунёдӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳама кафолат додааст. Суҳбати имрӯзаи "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст ва меҳмонони мо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, фаъоли маданӣ ва китобдори пешин ва Зафари Сӯфӣ, адиб ва рӯзноманигор аз хориҷи кишвар.
Иқтибосҳое аз барнома:
Зафари Сӯфӣ: "Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аст, аз ин ахбору туҳмате, ки дар ҳаққи дигарон мешавад. Ҳатто даъват ба куштан мекунанд, аммо на Додситонӣ ҷавоб мегӯяд, на Кумитаи амнияти миллӣ. Ҳамаи инро нодида мегиранд, чун иттифоқан онҳое, ки ҳамин корро мекунанд, ё ҳамшаҳрии вазири дифоъ аст, ё ҳамшаҳрии додситон аст, ё ҳамшаҳрии раиси Кумитаи амният аст, ё ҳамшаҳрии раиси ҷумҳур.”
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Шумо дар мавриди хешутабор мегӯед. Ҳамин Абдухолиқ на дар камтар аз даҳ саҳифаи китоб менависад, ки дӯст ва бародари азизи ман Саймуъмин Ятимов. Боз мегӯяд, ки модарашро табобат карданд ва мегӯяд, ки гурдаҳои ҷаноби Ятимов дар беморхонаи ман ҷарроҳӣ шуд. Боз мегӯяд, ки сарвазири мамлакат маро бо вазири корҳои дохилӣ ошно кард. Шумо мегӯед, ки дӯстони худашонро паси панҷара намешинонанд. Дар тамоми китоб Абдухолиқ мегӯяд, ки ман дӯсти вазири амниятам.”
Радиои Озодӣ: Пайомади ингуна амалкарди мақомот, яъне дастгиру зиндонӣ кардани рӯшанфикроне, ки ошкоро нуқсу камбудии миллати худ, ҷомеаи худро мегӯянд, барои як кишвар чӣ буда метавонад?
Зафари Сӯфӣ: “Чӣ буда метавонад? Торикӣ метавонад бошад. Вақте як нафарро барои андешаи созандааш, ки мегӯяд, камбудӣ бояд ислоҳ шавад... бигирему боздошт кунем, оқибаташ чӣ мешавад. Торикистон."
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳар мутафаккир, ҳар донишманд, ҳар нухбаи миллат, камбудии миллатро бигӯяд. Комилан муқобил ҳастам, ки ягон мақомот садди роҳи ӯ шавад ё ӯро паси панҷара бикашад. Ҳамин ман ҳам онқадар ҳоли хубе надорам, ҳазор сол аст, тамаддуни ориёӣ мегӯем, ҳоло ман 7 моҳ шуд дар Тоҷикистон бекорам. Ба ҳар даре сар мезанам, аз Кумитаи телевизион то ҳукумати шаҳр, мегӯянд, ки зардуштӣ аст, ӯро ба кор нагиред.”
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад