Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Абдухалил Холиқзода аз мулоқот бо ӯ дар боздоштгоҳ маҳруманд 


Абдухалил Холиқзода
Абдухалил Холиқзода

Пайвандони Абдухалил Холиқзода, бунёдгузор ва молики беморхонаи байнулмилии “Ибни Сино”, мегӯянд, аз лаҳзаи боздошт шуданаш то ҳоло натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд. Мақомот гуфтаанд, манъи вохӯрӣ бо мақсади пешгирӣ аз халал ба раванди тафтиш сурат гирифтааст. 

Ин дар ҳолест, ки аз боздошти ӯ қариб 20 рӯз мегузарад ва бино бар қонун боздоштшудагон ҳақ доранд дар як моҳ то ду дафъа бо наздикон мулоқот кунанд.

Қонунгузории Тоҷикистон иҷозат додааст, ки шахсони боздоштшуда дар як моҳ на зиёда аз ду маротиба, ки давомнокии ҳар як маротибаи он то се соат мебошад, бо хешовандон ва дигар шахсон мулоқот намоянд.”

Наздикони Абдухалил Холиқзода ҳозир нашуданд, вазъиятро шарҳ диҳанд, фақат яке аз онҳо гуфт, ба боздоштгоҳ ғизо мебаранд, аммо то ҳол ӯро надидаанд.

Абдухалил Холиқзода рӯзи 7-уми августи имсол дастгир шуд ва ба “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” гумонбар мешавад. Мақомот аз эълони расмии айбномаи ӯ ё дароз кардани муҳлати боздошташ хабар надодаанд.

Як манбаъи наздик ба тафтишот рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи молики бемористони “Ибни Сино” идома дорад ва чанд нафари шарик дар нашри китоби ӯ – “Ҳаводиси рӯзгори ман” – бозпурсӣ шудаанд.

"Ҳозир фақат муҳтавои китоб, мавзуъҳои он ва афроде, ки дар таҳия ва чопу нашри он мусоидат кардаанд, мавриди тафтиш қарор доранд. Як ҳафта қабл нусхаи форсии китоби мазкур низ ба тафтишот пешниҳод шудааст,” - гуфт ин манбаъ, ки ба сабаби ҳаққи сухан надоштанаш дар бораи парванда хост, аз ӯ ном бурда нашавад.

Мақомот, аз ҷумла Юсуф Раҳмон, додситони кул бовар доранд, ки Абдухалил Холиқзода дар китобаш “миллати тоҷикро таҳқир карда, намояндагони маҳалҳоро таҳқир кардааст.” Абдухалил Холиқзода қабл аз боздошт ин гуна ақидаҳоро рад карда, гуфта буд, "барои ман аҳамияти маҳал камранг аст. Барои ман ва ҳамандешони ман тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст."

Китоби ёддоштҳои соҳибкор, "Ҳаводиси рӯзгори ман", моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Холиқзода дар китобаш аз фазои соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Алайҳи Абдухалил Холиқзода бар асоси қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ (барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG