Дар Афғонистоне, ки соли 2021 ҳукуматаш ба дасти Толибон гузашт, афзоиши ҳодисаҳои худкушии занону духтарон мушоҳида мешавад. Ин кишвар яке аз чанд давлатест, ки ҳодисаҳои қасди ҷони худ кардани занон назар ба мардон бештар мебошад. Баъди аз ҳақи таҳсилу кор маҳрум кардани духтарону занон дар Афғонистон, чунин омор якбора бештар шуд.
Шабона як ояндаи дурахшоне дар пеш дошт, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ буд ва ба тӯи арӯсиаш ҳам омодагӣ медид. Вақте Толибон соли 2021 ҳукуматро ба даст гирифтанду духтаронро аз ҳақи таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд, Шабона маҷбур шуд аз идомаи таҳсилаш даст кашад. Чанде нагузашта домодшаванда ҳам, ки дар хориҷа зиндагӣ мекард, фотеҳаро бекор кард.
Шабона, ки фақат 20 сол дошт, моҳи август дар хонааш дар шаҳри Чорикори вилояти шимолии Парвон қасди ҷони худ кард. Дар Афғонистон вақтҳои охир шумори худкушиҳо дар миёни духтарону занон назар ба мардон бештар шудааст. Ҷомеашиносон чунин фазои фоҷеаборро бо ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ барои духтарону занони афғонистонӣ рабт медиҳанд.
Яке аз аввалин қарорҳои гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз августи соли 2021 сари қудрат баргашт, манъи ҳақи таҳсил дар донишгоҳҳо ва баъдан дар мактабҳо буд. Сарфи назар аз интиқоди зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гуруҳ, кори занонро ҳам дар идораҳои давлатӣ ва хусусӣ манъ кард. Рафтуомад, ҳузури занон дар кӯчаву ҷомеа маҳдуд ва ҳама гуна фаъолиятҳои иҷтимоии онҳо ҳам шадидан манъ шуд.
Ҳарчанд табибону фаъолон омори дақиқеро намедонанд, вале аз рӯи мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи худ ба чунин хулосае омадаанд, ки дар ду соли гузашта ҳодисаҳои худкушӣ кардани духтарону занон дар Афғонистон хеле зиёд шудааст.
Муҷиб Хпалвак, равонпзишке аз Кобул мегӯяд, “имрӯз дар Афғонистон шумори бештари муштариёни беморхонаҳои рӯҳиро занону духтарон ташкил медиҳанд”. Ин табиб аз таҷрибаи тиббии худ ба чунин хулосае омадааст, ки 90 дарсади он духтарону заноне, ки дар ду соли охир аз мушкилоти равонӣ ва рӯҳӣ шикоят мекунанд, онҳое мебошанд, ки таҳсилдидаву соҳиби кор буданд. Ӯ мегӯяд, “номуайяние, ки бо аз даст додани кору шуғлашон пеш омад, онҳоро дар ҳолати хеле бади иқтисодӣ қарор дод”.
Бисёр бонувони Афғонистон ҳолати барояшон эҷодшударо ба маҳбуси хонагӣ монанд мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо омадани Толибон аксар занҳо бекор монданд ва дар вартаи ноумедӣ қарор гирифтаанд.
Мушкили дигаре, ки дар давраи Толибон афзоиш ёфтааст, хушунат алайҳи занон аст. Ҷангиён барномаҳои вижаи ёрии ҳуқуқӣ ва ҳам додгоҳҳои махсус барои муҳокимаи ҳодисаҳои хушунат алайҳи занонро пурра бастанд. Издивоҷҳои барвақтӣ, ки ҳанӯз се-чор сол пеш як масъалаи ошкорои мавриди интиқод ва муборизаи фаъолон буд, ҳоло дубора ба як падидаи одӣ табдил шудааст. Бархе волидоне, ки ба издивоҷи барвақтии духтарони наврасашон розӣ мешаванд, мегӯянд, аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ин корро мекунанд.
Фаъоли ҳуқуқи занони Афғонистон Марям Саидӣ мегӯяд, дар чунин шароит худкушӣ барои бисёр духтарону занон танҳо роҳи наҷот аз ин ҳолат арзёбӣ мешавад.
Марям як сокини Кобул аст ва мегӯяд, хоҳари 16-солаи ӯ, ки то синфи шашум хонда бо омадани Толибон дигар натавонист ба мактаб биравад, дучори мушкилоти сангини равонӣ шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистони Озод” гуфт, “вазъи сиҳатии равонии хоҳарам сахт бад мешавад. Баъди ин ҳама озодиҳое, ки аз дасташ гирифтаанд, барояш қабули шароити нав хеле сахт аст”.
Толибон гуфтанд, ки соли 2022 дар ин кишвар 360 нафар қасди ҷони худ кард, вале ҷузъиёте аз ин беш надоданд. Омори ғайрирасмӣ ҳокист, ки баъди суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон, шумори худкушиҳо миёни бонувон хеле афзудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2018 дар Афғонистоне бо 40 миллион аҳолӣ шумори афроди дучори мушкилоти равониро 2 миллион нафар ҳисоб карда буд.
Созмони амрикоии зидди гуруснагӣ (Action Against Hunger) дар изҳороте 5 сентябр навишт, ки омори воқеӣ аз ин бештар буда метавонад. Ин созмон гуфтааст, ки Афғонистон бо “як бӯҳрони бесобиқаи мушкилоти равонӣ рӯбарӯ шудааст”.
Дар ҳамин шароит Муҷиб Хпалвак, равонпзишке аз Кобул мегӯяд, дар кишвар василаҳои муолиҷаву табобати чунин дардҳое, ки ба гуфтааш, ба як эпидемия табдил мешаванд, тақрибан вуҷуд надорад.
“Шумори гирифторони бемориҳои рӯҳӣ якбора афзоиш меёбад, вале василаҳои муолиҷаи онҳо кифоят намекунад, - гуфт ӯ. – Бонувони равонпизишк бо сабаби маҳдудият ба кор баромада наметавонанд. Дар ҳоле, ки барои табобати ин гурӯҳи беморон зарурати оҷил пеш омадааст”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Манъи кору таҳсил ва қатлу шиканҷа. "Толибон дигар нашудаанд"Толибон мегӯянд, дар Афғонистон панҷ мадрасаи "ҷиҳодӣ" боз мекунандДарсҳои радиоӣ. Абдураҳмон Обид ба зидди қарори Толибон баромад. ВИДЕОАфғонистон: Писарон ба мактаб баргаштанд, духтарон наДухтарони афғонро дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мепазирандҚонунҳои Толибон Самираро аз роҳ нагардонд. ВИДЕО