Бо поёни таътили зимистона дар Афғонистон, писарони донишҷӯ ба донишгоҳҳо баргаштанд, вале духтарон ҳамчунон аз ҳаққи таҳсил маҳрум мондаанд.
Манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо яке дигар аз фармону қонунҳои иртиҷоии Толибон аст, ки хашми ҷаҳониён, аз ҷумла кишварҳои исломиро барангехт.
Толибон баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ҳаққи кору таҳсил аз занону духтаронро гирифтанд.
Намояндагони гуруҳ мегӯянд, азбаски духтарони афғон дуруст ҳиҷоб намепӯшиданд ва бо марди маҳрам ба донишгоҳ намеомаданд, аз ҳаққи таҳсил маҳрум карда шуданд.
Гуфтугӯ