Кэрол Бир ходими илмии Маркази мутолеоти исломӣ дар шаҳри Берклии ИМА аст. Дар гузашта дар Осорхонаи нассоҷии Вашингтон ба ҳайси муҳаққиқи осори шарқӣ кор кардааст. Муаллифи даҳҳо мақолаву пажӯҳиш дар бораи таърихи матоъ ва қолиҳои кишварҳои исломӣ, муҳаққиқи мавзӯи геометрия ё андозагии нақшҳо дар ҳунари исломӣ мебошад. Кэрол Бир дар як сӯҳбати видеоӣ тавассути Скайп аз шаҳри Берклии Калифорния ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод:
Радиои Озодӣ: Мӯҳтарам Кэрол Бир. Бигӯед, ки чӣ гуна шумо фарҳанги исломиро дар маркази таҳқиқоти худ қарор додед?
Кэрол Бир: Таърихчаи он дароз аст. Вақте ман хеле барвақт ба коллеҷ рафтам, 18-сола будам. Ман имкон доштам дар Анкараи Туркия зиндагӣ кунам. Он замон дар Донишгоҳи технологии Анкара таҳсил кардам ва таърихи ҳунар ва меъмориро омӯхтам. Ҳамон замон ба омӯзиши фарҳанги исломиву тафовутҳои он аз Испания сар карда то Ҳинд, ҷаҳони Араб, Эрон ва Осиёи Марказӣ пардохтам. Ҳамин чиз комилан зиндагии маро тағйир дод ва ман қарор кардам, ки донишгоҳро дар бахши меъморӣ хатм кунам, чун як мавсим дар ҳафриёте дар Туркия ҳам иштирок кардам. Ҳамон вақт ман ба омӯзиши забону фарҳанг ва ҳам таърихи ҳунари туркӣ пардохтам.
Радиои Озодӣ: Шумо мавзӯи икатро ҳам омӯхтаед (ба тоҷикӣ онро “атласнусха” ҳам мегӯянд). Ин шеваи нақшофарӣ, ки ҳоло дар мӯди ҷаҳонӣ ҳам хеле маъруф шудааст, аз қадим дар нақшу нигори мардуми тоҷику узбек ҳам ҷой дошт. Оё омӯзишҳои шумо дар бораи таърихчаи ин нақш чӣ мегӯяд?
Кэрол Бир: Дар давраи аспирантура, ман дар Осорхонаи ҳунари шаҳри Ню-Йорк кор кардам. Он ҷо дар шӯъбаи ҳунарҳои исломӣ барои муаррифӣ дар ин намоишгоҳ бароям намунаҳое аз матоъ, сафол ва шиша доданд. Ман барои омӯзиши таърихи нассоҷӣ ба шӯъбаи ҳифзи матоъҳои осорхонаи Ню Йорк рафтаму бо (муҳаққиқи ҷопонӣ) Нобукко Каҷитанӣ кор кардам. Дар миёни матоъҳои давраи аввали исломӣ намунаҳое аз порчаҳои атласнусхаи сохти Яман ҳам ҷой дошт. Ин бори аввал буд, ки ман бо ин матоъ кор ва онро таҳқиқ кардам, аз наздик нигоҳ кардаву сохтори он ва нусхаашро таҳлил кардам, роҳҳои ба нақшу нигор табдил додани хатти арабиро омӯхтам. Бо ин корҳо дар солҳои аввали аспирантура машғул шудам. Кори аввалам дар Осорхонаи нассоҷии шаҳри Вашингтон буд. Он ҷо онҳо маҷмӯи фавқулоддаи намунаҳои матоъҳои атласнусхаи сохти Яманро дар асрҳои 9 ва 10 ҷамъоварӣ кардаанд. Дертар ман роҳҳои истеҳсоли матоъҳои атласнусхаро дар асри 16-и Гватемала (кишваре дар Амрикои Марказӣ), ҷазираҳои Сундои Индонезия ҳам омӯхтам. Инчунин ман истеҳсоли матоъҳои атласнусхаро дар миёни мардуми узбектабор омӯхтам, ки то қаламравҳои Шинҷони Чини ғарбӣ паҳн шудааст.
Радиои Озодӣ: Яъне ин навъи нусха таърихи хеле қадимӣ доштааст?
Кэрол Бир: Бале. Имрӯз мо ҳанӯз дар бораи ин ки таърихи иртиботи миёни ин ҳама икатҳои гуногунмакон маълумот надорем, вале ҳаминро медонем, ки таърихи он хеле қадимӣ мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Як таҳқиқоти вижаи шумо дар бораи “Геометрия ё ҳандасаи наққошӣ ва меъморӣ дар ҳунари исломӣ” ном дорад. Шумо ба таври ҷудогона шаклу андозаи қолиҳои туркманӣ, эронӣ ва узбекиро омӯхтаед. Чаро исми таҳқиқотро чунин гузоштед ва ин андозаҳову наққошиҳо бо чӣ вижагие аз намунаҳои фарҳангҳои дигар мардум фарқ мекунанд?
Кэрол Бир: Саволи хуб аст. Замоне, ки дар Осорхонаи нассоҷии шаҳри Вашингтон кор мекардам, ба омӯзиши намунаҳои нақшу нигорҳои матоъ ва қолиҳо шурӯъ кардаму баъд ба омӯзиши таърихи ин намунаҳо дар соҳаи меъморӣ пардохтам. Намунаҳои наққошиҳо(-и рӯи матову қолиҳо) маро ба дарки беҳтари геометрияву симметрия ё андозаву намуд ва ҳам мутаносибии шаклҳои наққошиҳо водор кард. Таносубу мавзуният пойдевори сохтори матову ҳама гуна маҳсулоти нассоҷӣ аст. Ин қоида барои саноати матову қолибофӣ ва баробар бо ин, дар меъморӣ, кулолгарӣ ва дӯзандагӣ ҳам хеле муҳим дониста мешавад. Дар идомаи таҳқиқотам ин мавзӯъ ба як марҳилаи мантиқии дигари омӯзиш табдил шуд. Ман ҳоло чун куратор ё ташкилкунандаи намоишгоҳҳо кор мекунам, вале омӯзиши геометрияи меъморӣ дар ҳунари исломӣ аз корҳои хоси ман шуд.
Радиои Озодӣ: Яъне ба фикри шумо, дини Ислом дар шаклу намуд ва намунаҳои хосе дар ҳунари нассоҷӣ таъсиргузор шуд? Пас, чанд намунаи онро, ки хоси саноати нассоҷии Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва дигар кишварҳои мусалмонӣ аст, мисол биёред.
Кэрол Бир: Эҳтимолан, қадимитарин намунаҳои исломие, ки мо медонем, аз Суғдиён аст. Суғдиён дар қаламравҳои имрӯзаи Узбекистону Тоҷикистон паҳн шуда буд. Ин як маркази тиҷоратӣ буд ва дар маркази тиҷоратии шоҳроҳи абрешим дар байни Чин ва Ғарб қарор дошт. Намунаҳои нассоҷии сохти Суғдиён аслан аз аҳди сулолаи Сосониёни Эрон сарчашма мегиранд, ки пеш аз Ислом вуҷуд доштанд ва аз ҳудуҳои харитаи сиёсии Эрони имрӯза бузургтар будааст. Намои исломии нассоҷӣ хеле барвақт, дар асрҳои 7-8-и милодӣ рушд кардааст. Яке аз намунаҳои наққошиҳои исломӣ истифодаи давраҳо мебошад, чунки матоъҳо дар рӯи дастгоҳҳои матоъбофӣ амудӣ ва мавҷҳо ба шакли уфуқӣ ифода мешаванд. Аз ин рӯ, тасвир кардани давраҳо кори сахт аст ва шумо бояд ҳар як ишораро дуруст ҳисоб карда баъдан дар рӯи нақши матоъ ифода кунед. Яке аз қадимитарин осори ҳунарии даврони Сосонӣ ҷавоҳирот мебошанд. Масалан, овезаҳои марворид. Намунаҳое аз овезаҳо то имрӯз боқӣ мондаанд, ки масалан, ҷонвареро ифода мекунанд, мисли паранда, асп, аспи парон, шер, гуроз ё сари гуроз. Намунаҳои чунин наққошиҳои рӯи матоъ дар натиҷаи ҳафриёт дар қаламравҳои Чини ғарбӣ, ҳангоми таҳқиқот дар гӯрҳои қадимии воқеъ дар минтақаи Шинҷон кашф шудааст ва саҳми ҳафриётшинос Аурел Стейн (муҳаққиқи маҷористонии Туркистони Шарқӣ дар оғози асри 20) хеле бузург аст. Таҳқиқи осори Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ то Осиёи Ғарбӣ... Масалан, таъсири ҳунари исломӣ дар намунаҳои нассоҷии маҷмӯаи ҷопонии “Нара” ваё ганҷинаҳои аҳди император Шому ва ҳам дертар дар ганҷинаҳои калисоҳои аврупоӣ ҳам мушоҳида шудааст. Яъне таъсири бисёр фаровону амиқе гузоштааст. Фарзияи ман ин аст, ки саноати фавқулоддаи нассоҷӣ баъдан дар истеҳсолоти васее истифода шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар фарҳанги тоҷикон мо медонем, ки дар ҳунар бархе рамзҳо мамнӯъ дониста мешаванд. Дар фарҳанги исломӣ чӣ гуна рамзҳо аз назари шумо манъ шудаанд?
Кэрол Бир: Ин ҳам саволи хуб аст. Ҳарчанд мавзӯи рамзҳоро ман махсус наомӯхтаам, вале дар истифодаи андозагирӣ ё ҳамон геометрияи нақшҳо инро дидам. Дар санъати қолибофии туркманӣ андозагирӣ ё геометрия нақши бисёр муҳим мебозад. Дар бархе ҳолатҳо барҷаста кардани андозаҳои рамзу қолабҳо гӯё ба ин осор ҳусни хоссае зам мекунад. Айни чунин ҳолатро баъдтар мо дар рӯи матну осори меъморӣ ҳам шоҳид шудаем.
Радиои Озодӣ: Ва оё дар бораи рамзҳои мамнӯъ дар фарҳанги исломӣ ҳам чизе гуфта метавонед?
Кэрол Бир: Медонед, ба назари ман дар тасвири чеҳраи инсонҳову ҷонварон (дар Ислом) сӯитафоҳум сурат гирифтааст. Мо шоҳиди наққошиҳои зиёди шакли инсон дар рӯи матоъҳои сохташуда дар ҷаҳони ислом ҳастем. Масалан, замоне, ки ман маҷмӯаи осори салтанатии Дания дар Копенҳаген кор мекардам, бо чандин навъи матоъҳои бахмали асри 17-и Эрон сарукор доштам. Масалан, дар рӯи ин матоъҳо тасвире аз шоҳинбозону хидматгорони онҳо дида мешуд. Ин матоъҳо ҳам барои ба тан кардан сохта шуда буданд. Мо инчунин наққошиҳои қадимии исломие дорем, ки дар он инсонҳо кашида шудаанд. Ба назари ман, масъалаи табу дар рамзу ифодаҳое дар ҳар фарҳанг фарқ мекунад.
Радиои Озодӣ: Шумо пеш аз инқилоби исломӣ ва баъди он дар Эрон кор кардаед, китоби аксҳо аз зиндагии қабилаи қашқай маҳсули ин кори шумо аст. Кор дар ду режими гуногун барои шумо, як муҳаққиқи амрикоӣ чӣ дод?
Кэрол Бир: Таҷрибаи кору зиндагӣ дар Эрон ҳам пеш аз инқилоб ва ҳам баъди он фавқулодда ҷолиб буд. Як каме пеш аз ба Эрон баргаштани Оятулло Хумайнӣ мо кишварро тавассути кӯҳҳои Курдистон тарк кардем. Мо тавассуи осорхонаи Лантерен (Нидерланди) дар Қалъаи Яздигирд корҳои ҳафриётшиносӣ мекардем. Мо тавассути Қасри Ширин ба Ироқ рафтем ва аз он ҷо ба Бағдод расидем. Давоми ду соле, ки ман дар Эрон будам, ҳам аз назари рушди шахсӣ ва ҳам касбӣ ин хеле марҳилаи муҳим буд, чун бо маконҳои фавқулодда ҷолиб, фарҳангу забонҳои мухталиф шинос шудам. Он ҷо ҳам каме форсӣ омӯхтам, як кам форсӣ баладам.
Радиои Озодӣ: Шумо ҳафтаҳои наздик ният доред, ки ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон биравед. Аз ин сафар чиро интизоред?
Кэрол Бир: Умедворам, каме забони форсии ман беҳтар шавад ва ман бо мардум дар Тоҷикистон ва тоҷикзабонҳои Узбекистон сӯҳбат карда тавонам. Ман бисёр ҳаяҷонзада ҳастам, албатта хуб мешуд ба Душанбе ва кӯҳҳои Тоҷикистон ҳам сафар мекардам.
Радиои Озодӣ: Эҳтимолан, шумо аз хабарҳо огаҳ ҳастед, ки дар Тоҷикистон мақомот асосан аз занҳо тақозо мекунанд, ки ба истилоҳ либоси миллӣ ба бар кунанд ва аз пӯшидани ҳиҷобу сатру дигар навъи либосҳои исломӣ парҳез кунанд. Онҳо мегӯянд, ин либосҳо таҳти таъсири фарҳанги бегона омадаанду пешгирии онҳо ба ҳадафи роҳ надодан ба паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна мебошад. Ба назари шумо, оё либос метавонад паёми сиёсӣ дошта бошад?
Кэрол Бир: Бале, ҳатман чунин аст. Ба бовари ман, таърихан либос дар ҳама фарҳангҳо чун василаи мушаххас ва аз ҳам ҷудо кардани як гурӯҳ аз гурӯҳи дигар истифода шудааст. Имрӯз кормандони ҳар як ширкати ҳавоӣ либоси худро доранд, то ки онҳоро аз дигарҳо фарқ карда тавонанд. Ин мисоли оддӣ аст. Дар забони англисӣ мо истилоҳҳои “либоссафедҳо” ва “либоскабудҳо” дорем, ки аввалӣ дар бораи кормандони дафтару идораҳо ва дуюмӣ дар бораи кормандони соҳаи кишоварзӣ ё тиҷорат ба кор меравад. Либос ҳамеша барои фарқгузорӣ истифода мешуд: шоҳии гаронбаҳо, матои ҷинси дағал ё порчаи катон, ки ҳам зимистони сард ва ҳам тобистонҳо пӯшида мешавад. Яъне либос ҳамеша бо сифати матоъ, тарзи дӯхт, наққошии рӯяш ва вобаста ба мӯд ва гаронқимат буданаш барои фарқгузорӣ ва ҳам бо ҳадафҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ истифода мешавад. Зиндониҳо ҳам бо либоси худ чун шахсони пушти панҷара шинохта мешаванд. Либос синну сол, ҷинси инсон ва ҳам машғулияти ӯро муаррифӣ мекунад. Дар мисоли Тоҷикистон масъалаи фарқгузорӣ дар либоси миллӣ паҳлӯи ҷолиби мавзӯъ аст. Дар Узбекистон мо инро дар мисоли истифодаи матоъҳои атласнусха мебинем.
Радиои Озодӣ: Яъне ба назари шумо, мақомот метавонанд амр бидиҳанд, ки зан бояд чӣ бипӯшад?
Кэрол Бир: Онҳо ин корро карда метавонанд, вале маҷбур нестанд. Барои ман посух додан ба ин савол душвор аст. Дар Амрико мо аксар вақт дар интихоби либос озод ҳастем, вале албатта фарқгузориҳо дар сарулибоси сокинони минтақа, маҳал ё шаҳре буда метавонад. Ёд дорам, мо дар канораҳои Ню Йорк як дача доштем ва ҳар вақте он ҷо мерафтем, либоси озоду ғайриоддӣ мепӯшидем. Либоси мо аз либоси шаҳрӣ фарқ мекард. Ман озодии баёнеро, ки дар Амрико вуҷуд дорад, бисёр қадр мекунам.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мондан ё рафтан барои ҳамеша? "Посбони Помир". Бахши 2"Тошканд ба тоҷикон пул намедиҳад." Қатл ва қарори бегуноҳии Чинор Имомов"Фишор бисёр буд." Рӯзгори тоҷикони Бибиширин. ВИДЕОАкбари Турсон: Дар суроғи бародаре, ки дӯст бошад (Бахши 3)"Ғорату куштори русҳо" дар Душанбе. Ҳақиқат кадом аст?Луқмон Бойматов: "Обро гил накунем, таърихро гӯл"