Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фишор бисёр буд." Рӯзгори тоҷикони Бибиширин. ВИДЕО


“Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Тоҷикон дар ноҳияи Бойсун дар Узбекистон чӣ ҳол доранд? Оё мактабу кӯдакистонашон мерасад? Хабарнигори Радиои Озодӣ барои посух гирифтан ба ин ва суолҳои дигар ба маркази вилояти Сурхондарё рафт ва ин гузоришро овард.

“Дар ноҳияи Бойсун асосан тоҷикон ва узбекон зиндагӣ мекунанд. Агар теъдоди аҳолиро гирем, қариб баробаранд,” – мегӯяд Ғаффор Норбоев, раҳбари маркази фарҳангии тоҷикони ноҳияи Бойсун.

Мо ӯро моҳи апрели имсол вохӯрдем. Нақл кард, ки ҳоло барои равнақи забони тоҷикӣ имкон фароҳам аст: “Бо забони тоҷикӣ мактаб ҳаст. Як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявӣ низ. Дар муддати кӯтоҳ муаррифии чанд китоби тоҷикиро гузарондем.”

Дар ноҳия зиёда аз даҳ мактаби тоҷикӣ ва дузабона будааст. Фаолони тоҷики минтақа саъй доранд, кӯдакистонҳоро ба забони тоҷикӣ низ бикушоянд.

Муаллифон бар асоси барномаи Таълими Халқи Узбекистон китоб менависанд, аммо ҳангоми таҳияи он ба асарҳои таърихии тоҷикӣ низ таваҷҷуҳ мекунанд.

Раҳматуллоҳ Шоҳимардонов, нависандаи тоҷики Узбекистон, мегӯяд, “рости гап 20-25 сол пеш нисбат ба мардуми мо тазйиқ бисёр буд. Дар натиҷа таълим дар мактабҳо ба забони дигар гузашт. Дар аҳди Шавкат Мирзиёев дар Бойсун чанд мактаби тоҷикӣ дари худро кушод ва ҳоло фарзандони мо ба забони модарӣ таълим мегиранд.”

Шоҳимардонов дар аввали моҳи апрел китоберо дар бораи таърихи деҳаи Бибиширин ба нашр расонд. Мегӯяд, чанд даҳсола орзуи чопашро дошт, вале ба сабаби муносибати нохуби ҳукумати пешин нотамом монда буд.

“Мақсад аз нашри китоб шинохти мардуми минтақа ва баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносии онҳост,” – шарҳ дод ӯ.

Шариф Халил, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики Узбекистон, мегӯяд, “китоби “Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он” аз Раҳматуллоҳ Шоҳимардонов шиносномаи ҳамин деҳа аст. Ҳамин китоб шиносномаи мо аст ва моро ба дигар деҳаҳо ва минтақаҳои Узбекистон мешиносонад.”

Тоҷикон асосан дар деҳаҳои Бибиширин ва Ширинободи ноҳияи Бойсун ҷойгир шудаанд. Маркази фарҳангии тоҷикон ҳам се сол пеш дар онҷо боз шуд.

Ин деҳаро барои мақбараи куҳантаринаш бо номи Бибиширин чунин ном мебаранд. Ҷое, ки баъзе аз таърихнигорони тоҷик дарвозае дар сарҳади Тахористон ва Суғди Бостон донистаанд.

Видеоро дар Ютуб бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG