Хонае бо 87 доллар - арзону тобовар ба офатҳои табиӣ. ВИДЕО

Дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар Покистон, ки мардуми зиёде аз манзил маҳрум шуданд, як меъмор барои мардуми офатзада ҳазорҳо кулбаи камхарҷи тобовар ба офатҳои табииро тақдим кард.

Хабарнигори Рейтерс навиштааст, ки хонаҳои камхарҷ ба борону обхезӣ тобовар буда, ба муҳити зист зиёне намерасонанд. Хонаҳои сохташуда дар вилояти ҷанубии Синди Покистон хеле сода ба назар мерасанд, вале дар амал ин кулбаҳо бо истифода аз дастовардҳои илмӣ бунёд шуда, ба офатҳои табиӣ тобовар ҳастанд.

Шакли анъанавии кулба тағйир наёфтааст, вале он зери об нахоҳад монд. Дар Покистон як барномаи бунёди кулбаҳои инноватсионии тобовар ба офатҳо баъди борону обхезиҳои соли гузашта, ки боиси фавти беш аз 100 ҳазор нафар ва тахриби беш аз як миллион манзил шуда буд, оғоз ёфтааст ва муаллифи он Ясмин Лорӣ аввалин зани покистонӣ аст, ки расман муҷаввизи меъмориро ба даст овардааст.

Ӯ мегӯяд: "Он чизе, ки мардум қаблан ихтироъ кардааст, мантиқи худро дорад. Ман кӯшиш кардам, ки бо истифода аз таҷрибаи онҳо кулбаҳои тобовар тарҳрезӣ намуда, фазои муносибе барои зист фароҳам орам". Ташаббуси Лорӣ замоне матраҳ шудааст, ки меъморону созмонҳои ғайридавлатӣ бо назардошти фоҷеаҳои пуштисаршуда ва офатҳои табиии сершумори солҳои ахир талош доранд, маҳаллаҳои харобшударо обод кунанд.

Обхезии соли гузашта кулбаи гилии хонум Чампа Бойро вайрон кард. Ин хонуми 60-сола бо аҳли оилааш ба паноҳгоҳе интиқол ёфт. Аммо баъди муддате созмони ғайридавлатии Heritage Foundation of Pakistan, ки зери раҳбарии Лорӣ кор мекунад, ба ӯ кулбаи навсохти тобовар ба офат тақдим кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Покистон хонаҳои арзону тобовар ба фалокат месозанд

Чампа Бой аз хонааш бисёр розӣ аст: "Хеле ҳушҳолам. Ин хонаи хуб аст. Наметарсам, ки зери борону тӯфон фурӯ мерезад. Манзили тобовар аст. Аз он хеле хушам меояд".

Ҳангоми борон хонаҳои анъанавии гилӣ обро ба худ кашида, фурӯ мерезанд. Сохтмони биноҳои хиштӣ барои мардуми камбағал гарон аст. Кулбаҳои Лорӣ дар зербинои омода бо истифода аз чорчӯбҳои бамбукӣ ва масолеҳи обногузар бунёд мешаванд.

Сохтмони он як ҳафтаро дар бар мегирад. Барои бунёди кулбаи гилии анъанавӣ се ҳафта ва барои бунёди манзили хишту сементӣ то ду моҳ зарур аст. Ба қавли ходимони созмони Heritage Foundation of Pakistan харҷи бунёди як кулбаи Лорӣ муодили 87 доллари Амрико аст.

Ӯ мегӯяд: "Ин хонаҳо барои мардуми камбағал сохта шудаанд. Нарх бояд поин бошад".

Вале коршиноси соҳаи меъморӣ Нуъмон Аҳмад мегӯяд, ин хонаҳо барои шаҳрҳо қобили қабул нестанд ва бештар як "паноҳгоҳ ҳастанд. Дар шакли кунунӣ тағйири он ва ё ҳамроҳ кардани табақаи иловагӣ имкон надорад."

Аммо сокинони деҳаи Поно, ки соли 2022-ум қабл аз офатҳои табиӣ ба кулбаҳои Лорӣ кӯч баста буданд, мегӯянд, офат ба онҳо таъсире надошт. То кунун Лорӣ ва созмонаш дар саросари Покистон 55 ҳазор кулбаи тобовар ба офат бунёд кардааст ва нақша дорад, ки дар оянда ин рақамро ба 350 ҳазор адад бирасонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сел дар тобистон. Ба табиати Тоҷикистон чӣ шудааст? ВИДЕОТашкили кумисюн барои рафъи оқибатҳои сел дар РоштқалъаПажӯҳиш: Миллиардҳо нафар то соли 2100 бо "гармои хатарнок" рӯбарӯ мешавандБарф дар Варзоб "бисёр кам" ва қабати пиряхҳо "бориктар" шудааст. Тобистон камобӣ мешавад? ВИДЕОГармӣ, тӯфон ва ҳамлаи ҳашарот. Тасвири тарсноки тағйири иқлим дар Тоҷикистон. ВИДЕО