Барои рафъи пайомадҳои сел дар деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа кумисюни ҳукуматӣ таъсис шудааст.
Дафтари матбуоти президент 28-уми июн навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ниҳодҳои дигар дастур додааст, ки “оқибатҳои офати табиӣ”-ро бартараф кунанд.
Рӯзи 27-уми июн ба деҳаи Миденвед дар ноҳияи Роштқалъа дигарбора сел омад. Чанде аз корбарон бо фиристодани видео аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “селу сангреза пеши дарёи Шоҳдараро гирифт ва хонаҳо ва заминҳои кишт зери об монд”. Зарари расида маълум нест.
Дафтари матбуоти Президент дар бораи 210 оила хабар дод, ки дар соҳили Шоҳдара зиндагӣ мекунанд ва бояд кӯчонда шаванд.
Мақомот аз осеб дидани "чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ" хабар доданд, аммо мушаххасан оморро нагуфтанд.
Дар чаҳор рӯзи охир дар чанд гӯшаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел омад ва хонаву дари баъзе аз сокинонро вайрон кард.
Дар ҳодисаи рӯзи 23-юми июн дар рустои Мулловоҷии ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ба иттилои расмӣ, “ду хона, ду иншооти ёрирасон ва беш аз як гектар замин” зери обу лой монда, 8 хоҷагӣ ба ҷойи амн кӯчонда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон селҳои вайронгарро “натиҷаи об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир” номид.
Ҳар сол бар асари офати табиӣ, аз ҷумла селу сангреза ва фаромадани ярч дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Гуфтугӯ