Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар тобистон. Ба табиати Тоҷикистон чӣ шудааст? ВИДЕО


Сел дар Дарвоз чанд саот роҳи байналмилалиро баст.
Сел дар Дарвоз чанд саот роҳи байналмилалиро баст.

Гармии тӯлонӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон рӯзҳои ахир боиси обшавии босуръати барфи болои пиряхҳо, кандашавии кулҳои зери пиряхҳо, боридани борони бошидат ва фаромадани сел дар чанд минтақа шудааст.

Ҷамила Байдуллоева, муовини раиси Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, “обшавӣ бисёр шуд, дар бархе ҳолатҳо рахнашвии кӯлҳои назди пиряхҳо мушоҳида гардид, ки ин ба селфароӣ дар минтақаи Лахш дар Дарвоз ва дигар минтақаҳо, аз он ҷумла дар Шоҳдара шуд.”

Дар ноҳияи Дарвоз боришоти бошиддати кутоҳмуддати борон боиси аз кӯҳҳо фаромадани сел шуда ва роҳи Душанбе-Хоруғ дар ин минтақа барои чанд соат баста шуд. Дар минтақаи Лахш кули назди пиряхи “Барилмас” канда шуда, қисмате аз роҳро хароб кардааст.

Видеоро инҷо бинед:

Ҳавои гарм пиряхҳои Тоҷикистонро ба ҳаракат даровардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Абдулҳамид Қаюмов, раиси Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, “ҳар сол пиряхи “Барилмас” 2-3 бор канда мешавад ва бисёр сели даҳшатнок меояд. Баландии афтиданаш 1300 метр аст. Бисёр шиддатнок меояд. Хушбахтона дар роҳи фаромадани сел манзилҳо зист нест.”

Ҳавошиносон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ идомаи гармиро то охири моҳи июл пешгӯӣ мекунанд. Дар гузашта кандашавии пиряхо боиси омадани селҳои харобиовар дар минтақаҳои кӯҳистонӣ шуда буд. Бар асоси чаҳор гузориши Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар 100 соли ахир дар минтақаҳои мухталифи кишвар аз 0,5 то 1,2 дараҷа боло рафтааст. Дар 30 соли ахир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон бештар аз 1000 ададаш пурра об шудааст. Дар натиҷа зиёда аз ду ҳазор кӯли нав пайдо шудааст. Ин кӯлҳо ҳам натиҷа ва ҳам сабаби об шудани пиряхҳо номбар мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG