Додгоҳи олӣ гуфт, ки чаро Холиқзодаро боздошт карданд

Абдухалил Холиқзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки амри боздошти Абдухалил Холиқзода, бунёдгузор ва молики беморхонаи маъруфи "Ибни Сино" дар Душанберо содир кардааст ва ӯ ба ҷинояти сахте муттаҳам мешавад.

Дар номаи расмии Додгоҳи олӣ, ки имрӯз ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 11-уми август амри боздошти Абдухалил Холиқзодаро содир кард ва додситонӣ зидди ӯ бар пояи банди 189-уми Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. Яъне Абдухалил Холиқзода ба он гумонбар мешавад, ки гӯё "бо гуруҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ" машғул шудааст. Абдухалил Холиқзода пеш аз боздошташ гуфта буд, ки "барои ӯ на маҳал, балки тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст."

Аз рӯи ин иттиҳом ба Абдухалил Холиқзода аз панҷ то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулл чанде пеш Холиқзодаро ба он муттаҳам кард, ки гӯё дар китобаш "миллати тоҷик ва намояндагони маҳалҳоро таҳқир кардааст.”

Китоби ёддоштҳои соҳибкори тоҷик бо номи "Ҳаводиси рӯзгори ман" моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Дар он Холиқзода аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошту таҷрибаашро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Наздикони Абдухалил Холиқзода аз мулоқот бо ӯ дар боздоштгоҳ маҳруманд Додситони кул гуфт, ки чаро Абдухалил Холиқзода дастгир шудБунёдгузор ва соҳиби «Бемористони Ибни Сино» боздошт шудааст