Амалиёти нав ё "шикор"-и муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доранд

Акс аз ВКД-и Русия

Дар як рейд дар бозорҳои шаҳри Красноярск ба 18 муҳоҷир барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома супурдаанд.  

Пулиси Русия мегӯяд, ин муҳоҷирон шиносномаи русӣ дошта, дар бораи макони зисти худ ба комисариатҳои ҳарбӣ хабар надодаанд.

Дар байни онҳо тоҷикон ҳам ҳастанд. Дар аксҳое, ки Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи якуми сентябр нашр кардааст, шиносномаи тоҷикӣ низ дида мешавад.

Вазорат дар хабарномае гуфтааст, амалиёт бо ҳадафи риояи қонунҳои муҳоҷират гузаронида шуда, маъмурини пулис ва кормандони комисариати ҳарбӣ санадҳои беш аз 200 муҳоҷирро тафтиш ва 147 нафари онҳоро бо худ бурдаанд.

Ҳамчунин пулиси рус алайҳи 3 муҳоҷир барои саркашӣ аз қайди ҳарбӣ санад ё протокол тартиб додаанд.

Амалиёти зидди муҳоҷирон, махсусан онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд дар бозорҳои калони Красноярск ва ҳам гӯшаҳои дигари Русия идома дорад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ҳадаф аз ин рейдҳо мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ошкор кардани он шаҳрвандони Русия аст, ки қайди ҳарбӣ надоранд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки ҳадафи аслӣ сафарбарии маҷбурии муҳоҷирон ба ҷанги Украина аст. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтанд, марҳилаи нави амаиёт аз 14-уми август сар шудааст.

Моҳи равон пулиси Русия дар шаҳри Перм, Челябинск, Нижний Новгород, Свердлов ва Белгород "рейд" гузаронида, ба садҳо муҳоҷире, ки ҳанӯз худро дар қайди ҳарбӣ нагузошта буданд, даъватнома доданд.

Аз ҷумла дар як “рейд”-и дурӯза дар Санкт-Петербург пулис беш аз 100 муҳоҷирро барои сафарбарӣ ба артиш номнавис кард. Онҳо муҳоҷироне будаанд, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд. Мақомоти ин минтақа сафарбарии муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русияро ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз вазифаҳои нави худ номидааст.

Дар вилояти Краснодар дар пайи як рейди густарда 540 хориҷиро боздошт карда, ба хадамоти муҳоҷират бурданд. Корбарони радиои Озодӣ бо фиристодани навор гуфтанд, субҳи 25-уми август маъмурини милиса онҳоро аз хоб бедор карда, ба шӯъбаи пулис бурданд. Ба нақли яке аз мусоҳибони мо, дар пайи тафтиш онҳоеро, ки шиносномаи русӣ доштанд дар қайди ҳарбӣ гузоштанд.

Рейду тафтишҳои ахири мақомоти рус зоҳиран кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикеро, ки бо талоши зиёд шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, мушкил кардааст. Ин гурӯҳи муҳоҷирон ҳоло аз он ҳарос доранд, ки ба ҷанг бурда мешаванд.

Ин гузориш ҳам дар ҳамин мавзӯъ аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амалиёти "Мигрант": 500 касро аз Русия меронанд?

Вакилони рус тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки бар асоси он шаҳрвандии хориҷиёне, ки худро дар қайди ҳарбӣ нагузошта, аз мобилизатсия ё сафарбарӣ ба хидмат саркашӣ мекунанд, бекор карда мешавад. Муаллифон ин тарҳ хостаанд, баъди бекор кардани шаҳрвандӣ чунин муҳоҷирон аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз Русия хориҷ карда шаванд.

Дар Русия даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷике зиндагӣ мекунанд, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд ва иҷрои қонунҳои Русия барои онҳо низ ҳатмист.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тафтиши муҳоҷирон дар нуқтаҳои савдои Перм Вазири тоҷик дар Русия вазъи муҳоҷирон ва пайгарди "Дилшоди СБ"-ро баррасӣ мекунад"Муҳоҷир гуфт, моро инҷо одам намешуморанд"Шикояти наздикони муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар БарнаулРусия мехоҳад, шаҳрвандии муҳоҷиронро, барои саркашӣ аз қайди ҳарбӣ бекор кунад