Ба гуфтаи манбаъ, ду тараф "будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо, инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" Исматуллоев Шуҳрат"-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Мақомот мегӯянд, Дилшод Саидмуродов яке аз гумонбаршудагони асосии рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев баъди анҷоми ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Дар ин байн хабари дар бораи пайвастани Саидмуродов ба гуруҳи "Вагнер" ҳам расонаӣ шуда буд, ки мақомот онро "беасос хонданд."Дилшод Саидмуродов мулаққаб ба "Дилшоди СБ" қаблан дар Вазорати корҳои дохилӣ ко мекард ва барои гусели ӯ чанд корманди фурудгоҳро "ба рухсатии маҷбурӣ фиристодаанд."
Рамазон Раҳимзода дар ҳоле мехоҳад масъалаи будубоши муҳоҷирони тоҷикро дар Русия баррасӣ кунад, ки садҳо нафари онҳо дар амалиёти ниҳодҳои қудратии Русия таҳқир, латукӯб ва боздошт мешаванд. Бархе аз онҳо мегӯянд, тарафи Русия бе далел онҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва гоҳе ҳуҷҷатҳои қонуниро низ ба назар намегирад.
Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз бо ирсоли барқия ба тарафи Русия аз поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон нигаронӣ карданд, аммо баъдан онро санҷиши маъмулӣ хонданд ва гуфтанд ба ин раванд дахолат намекунанд.