Ҳафтаи оянда, ба Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия, лоиҳаи қонуне пешниҳод мешавад, ки бар асоси он шаҳрвандии хориҷиёне, ки худро дар қайди ҳарбӣ нагузошта, аз мобилизатсия ё сафарбарӣ ба хидмат саркашӣ мекунанд, бекор карда мешавад.
Дар ин бора Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатии Русия хабар додааст. Қаблан ин мансабдори рус гуфта буд, бояд ба афроди дорои шаҳрванди мӯҳлати муайян дода шавад, то худро дар комиссариятҳои ҳарбӣ сабти ном ва уҳдадории ҳарбиро иҷро намоянд. Матвеев ҳамчунин пешниҳод дорад, ки баъди бекор кардани шаҳрвандӣ чунин муҳоҷирон аз Руси хориҷ шаванд.
“Ҳамчунин фикр мекунам, дар чунин ҳолат аъзоёни дигари оилаи ин муҳоҷирон ҳам, ки барои пайвандӣ бо ӯ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд, бояд аз шаҳрвандӣ маҳркум карда шаванд.”- гуфта буд, Матвеев. Ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳодро ҳам ба лоиҳаи қонун ворид кардаанд ё на.
Бар асоси тарҳи нави қонун, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар давоми ду ҳафта баъди гирифтани шиносномаи русӣ ба комиссарияти ҳарбии маҳалли зисти худ ё ҷое, ки сабти ном шудааст, ҳозир ва ба қайди ҳарбӣ гирифта шавад.
Аз ин пеш раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари Русия пешниҳод карда буд, ки ба муҳоҷирон танҳо пас аз сабтином дар комиссариатҳои ҳарбӣ шиноснома бидиҳанд.
Валерий Фадеев рӯзи 16-уми август дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, муҳоҷирон ҳангоми гирифтани шиноснома сабти номро дар комиссариатҳо фаромӯш мекунанд.
Ҳафтае пеш дар пайи як “рейд”-и дурӯза дар Санкт-Петербург пулис беш аз 100 муҳоҷирро барои сафарбарӣ ба артиш номнавис кард. Онҳо муҳоҷироне будаанд, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд.
Дар Русия даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷике зиндагӣ мекунанд, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд ва иҷрои қонунҳои Русия барои онҳо низ ҳатмист.