Фаридун Мусоев 29 соларо аввали моҳи августи имсол бо гумони дастдарозӣ ё ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ ва пешниҳоди ришва дастгир кардаанд. Парвандаи ӯро Раёсати Кумитаи тафтишотии минтақаи Олтой таҳқиқ дорад.
Волидон ва вакили мудофеи муҳоҷири тоҷик, ин иттиҳомро рад карда, мегуянд, вай нисбати ноболиғ ҳаракати маҳрамона накардааст. Ба гуфтаи наздикон, Фирдавс Мусоев, 10 соли ахир дар Русия кору зиндагӣ мекард ва дар ин кишвар таҳсил кардаву оиладор шудааст.
Моҳи июли соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, муҳоҷири тоҷик дар паси рули мошини “Фолксваген” мунтазири касе нишастааст. Муаллифи навор иддао кардааст, ки ронанда як духтари ноболиғро то назди хонаашон таъқиб кардаву “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ” анҷом додааст. Дар навор духтари ноболиғ дида намешавад.
Дар пай кормандони Мақомоти тафтишотӣ Фаридун Мусоевро боздошт намуда, нисбати ӯ бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Русия (моддаи 132 ва 291) парванда боз карданд. Ӯ ба иҷрои ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоли ҳозир вай дар боздоштгоҳи Барнаул нигаҳдорӣ мешавад.
Николай Гладишев, вакили мудофеъи Фаридун Мусоев бо пешниҳоди чанд далел ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, иттиҳоми анҷоми “ҳаракати маҳрамона” нисбати Фаридун Мусоев беасос аст. Ӯ хостааст, ин иттиҳом аз парвандаи ҷавони тоҷик бардошта шавад.
Аммо 7-уми август Шӯъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини минтақаи Олтой муроҷиат ва дархости вакили дифои муҳоҷири тоҷикро рад кардааст.
Фаридун Мусоев, ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, “воқеан дар дохили мошини Волксваген “Поло” қарор дошт ва азбаскӣ ҳаво гарму шимаш танг буд “онро каме поин кашида буд”. Вай гуфтааст, ин кораш бо ҳадафи намоиш ба касе набуд ва ноболиғеро, ки дар парванда чун ҷабрдида ширкат дорад, намешиносаду намедонад, кӣ ӯро ба навор гирифта, ба полис шикоят бурдааст”.
Ҳамза Мусоев, падари Фаридун рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ аз Барнаул гуфт, дар боздоштгоҳ бо фарзандаш суҳбат кардааст ва саломатиаш хуб аст. “Фаридун мегӯяд, ин ҳама айбе, ки дар гарданаш бор кардаанд, туҳмат аст. Инҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе туҳматаш зананд ва кори накардаро бораш кунанд.” – афзуд, Ҳамза Мусоев.
Мақомоти тафтишотии вилояти Олтой гуфтааст, Фаридун Мусоевро ҳангоми талоши фирор ба Тоҷикистон ва замоне боздошт карданд, ки барои дарёфти шиносномаи қалбакӣ мехост, ба корманди Хадамоти муҳоҷират ришва диҳад.
Ҳамза Мусоев, падари Фаридун мегӯяд, писарашро афроди дигар ба ҷиноят кашидаанд ва ӯ ин корро накардааст. Вай ният дорад, барои исботи бегуноҳии писараш ба Маскав рафта, барои кӯмак дар ин қазия ба сафири Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунад.
Падари муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, мехоҳад мақомоти Тоҷикистон барояш кӯмак кунанд, то арзашро ба раҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия бирасонад. Ӯ аз рафтори ба гуфтаи худаш ноодилонаи мақомоти тафтишотии Барнаул шикоят кардан мехоҳад.
Пайвандони Фаридун Мусоев, боздошту иттиҳоми ӯро ба амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия пайванд медиҳанд, ки моҳҳост ҷараён дорад ва ба иддаои муҳоҷирон ҳатто онҳое ҳам, ки тамоми санадҳои будубошашон дуруст асту қонуншикание накардаанд, боздошту азият ва ихроҷ мешавад.