"Як олигарх аст"
Аз зиндони Шӯравӣ то раҳбарии як ширкати хусусии ҳарбӣ. Евгений Пригожин роҳи дароз, аммо ҳайратоварро паймудааст.
Ӯро ҳамчун шахси бераҳму сангдил мешинохтанд. Баъд аз фурӯпошии комунизм ва оғози ҳамкорӣ бо як ширкате, ки барои Кремл хӯрок мерасонд, сарватманд шуд ва бо лақаби "ошпази Путин" машҳур гашт. Баъди сар задани ихтилоф байни ӯ ва чанде аз мақомдоронони ҳукумати Путин, Пригожин "хоин" хонда шуд.
"Онҳое, ки дидаву дониста роҳи хиёнатро интихоб карданд, шӯриши мусаллаҳона омода намуданд, роҳи шантаж ва усулҳои террористиро пеш гирифтанд, ногузир ҷазо хоҳанд гирифт," – гуфта буд Владимир Путин дар моҳи июни имсол.
Пригожин ҳанӯз дар 20-солагӣ барои дуздӣ ва қочоқи ноболиғон нуҳ сол зиндонӣ шуд. Пас аз раҳоӣ дар соли 1990 дӯкони ҳот-дог кушоду ба соҳибкорӣ рӯ овард. Ин оғози кори ӯ дар роҳи тиҷорати бузурге бо номи Concord Catering буд.
Дертар тарабхонаҳои бошукуҳи ӯ ба макони роҳати сиёсатмадорону саромадони таъсиргузори Русия ва раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ табдил ёфт. Владимир Путин, президенти Русия ҳамроҳи чандин раҳбари кишварҳои ҷаҳон борҳо меҳмони Пригожин шудааст. Дар ниҳоят Пригожин ба Кремл роҳ ёфт ва ошпазҳояш артиши Русияро бо ғизо таъмин мекарданд.
Андрей Колесников, аз Маркази Авруосиёии Карнеги, мегӯяд, “вай як соҳибкори маъмулии даврони Владимир Путин аст. Мисли дигарон як олигарх аст, зеро сарватро тариқи робитаҳояш бо ҳукумат ва шартномаҳои давлатӣ ба даст овард. Ӯ аз дохили ҳамин система баромадааст.”
"Хуни онҳо ҳанӯз хушк нашудааст"
Ба зудӣ фаъолияти ӯ аз тиҷорат фаротар рафт. Соли 2018 Пригожинро ба мудохила дар интихоботи президентӣ дар Амрико гунаҳкор карданд. Панҷ сол пеш Оҷонси таҳқиқотии интернетии маъруф ба номи “Фабрикаи троллҳои Русия”-ро созмон дод, ки кормандонаш тариқи саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сиёсати Русияро таблиғ карда, ба рақибони Маскав ҳамла ва хабарҳои бардурӯғ паҳн мекарданд.
Соли 2015 вақте Русия ба ҷанги Сурия дахолат кард, Пригожин гурӯҳи зархаридони "Вагнер"-ро таъсис дод. Муздурони мусаллаҳи он дар тамоми Африқо ҷойгир карда шуда, аз набардҳои Судон гирифта то Африқои Марказӣ дахолат кардаанд. Як ҳадафи онҳо гирифтани фоида аз истихроҷи тилову маъданҳои дигари ин минтақа будааст.
Гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи зархаридони "Вагнер" дар Африқо, Сурия ва бераҳмиҳои ин гурӯҳ дар задухӯрдҳои Украина зиёд аст. Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина “Вагнер” бо ҷалби зиндониён вориди корзор шуд.
Евгений Пригожин, ҷонибдори сарсахти ин ҷанг бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу ва генерал Валерий Герасимов дар ихтилоф шуд ва ба танқиду таҳқири онҳо сар кард.
Ӯ иддао дошт, ки "ба мо лавозимоти ҷангӣ намерасад. Шойгу, Герасимов. Куҷост васоили лаънатии ҷангӣ? Инҳо бачаҳои "Вагнер" ҳастанд, ки имрӯз кушта шуданд. Хуни онҳо ҳанӯз хушк нашудааст.”
Кашокаш бо Шойгу ва Герасимов дар ниҳоят бо ошӯби нофарҷоми Пригожин поён ёфт. 23-юми июн муздурони ин гуруҳ барои чанд соат шаҳри Ростови лаби Донро ишғол карда, ба тарафи Маскав равона шуданд. Русия дар ростои ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт, вале ба зудӣ Пригожин розӣ шуд, аз роҳаш баргардад. Сабабаш маълум нест.
Ӯ бо нерӯҳояш ба Беларус рафт. Як моҳ баъд Пригожин дар нишасти Русия ва Африқо дар Санкт-Петербург ширкат кард. Рӯзи 21-уми август ӯ аввалин бор баъд аз ошуби мусаллаҳона дар наворе сухан ронд: “Вагнер” фаъолияти иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронад. Русияро дар ҷаҳон боз ҳам бузургтар ва Африқоро озодтар мекунад.”
Дар навор ишора мешуд, ки ӯ гуё дар Африқо аст, аммо хабар тасдиқ нашуд ва шубҳаву тахминҳо дар бораи макони будубоши Пригожин бештар гашт. Пас аз ду рӯзи он тасвирҳое расонаӣ шуданд, ки дида мешавад, ҳавопаймое дар Русия сарнагун шудааст. Ҳавопаймои вобаста ба ширкати “Вагнер”, ки гуфта мешавад дар дохилаш Евгений Пригожин ва чанд зердасташ буданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, ҷасадҳоро ёфтанд, аммо дар бораи кушта шудани Пригожин расман чизе намегӯянд. Агар ин хабар тасдиқ шавад, бо ҳамин, карйераи олуда бо хуни “ошпази Путин” ба охир хоҳад расид.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад