Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дар бораи ошӯби Вагнер чӣ мегӯянд? ВИДЕО


Тонкҳои "Вагнер" дар кӯчаҳои Ростови лаби Дон
Тонкҳои "Вагнер" дар кӯчаҳои Ростови лаби Дон

Чанде аз сиёсатшиносони тоҷик ба инанд, як муомилаи пинҳон байни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, муассиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” боиси хомӯш шудани балвои вагнериҳо шудааст. Ба эҳтимоли зиёд амалкардҳои баъдинаи ду тараф метавонад ба исёни 24 июн рӯшании бештаре афканад.

Якшанбеи ороми пойтахти Русия пас аз ошӯби зархаридони “Вагнер” бо раҳбарии Евгений Пригожин ва ҳаракати онҳо ба сӯи Маскав халадор гардид. Маълум нест, ошӯби мусаллаҳона, ки бо миёнҷигарии Беларус рафъ шуд, барои ҳукмронии раиси ҷумҳур Владимир Путин чӣ таъсир хоҳад дошт. Пригожин ҳарчӣ бештар аз шеваи бархӯрди низомиёни рус дар ҷанги Украина интиқод мекард.

Балвои "Вагнер" дар саросари ҷаҳон ғулғула андохт ва изҳориназарҳоеро ба дунбол дошт.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Назари тоҷикон дар бораи ошӯби Вагнер
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Энтонӣ Блинкен вазири умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат ба ABC гуфт, Вашингтон вазъро бодиққат пайгирӣ дорад:

"Чунин тасаввур мешавад, ки ин ҷанг ва ин таҷовуз аз ҷониби Русия бар асоси иддаоҳои бардурӯғ сурат гирифтааст. Вонамуд карда мешавад, ки Украина ё НАТО ба гунае ба Русия таҳдид карда буданд, аз ин рӯ аз роҳи низомӣ мубориза бурдан лозим шуд. Ҳоло ин беш аз пеш возеҳтар мешавад. Вазъ ба чӣ оварда мерасонад, мо ҳанӯз намедонем."

Блинкен афзуд, ки пуштибонӣ аз нерӯҳои Украина ҳамчунон дар маркази таваҷҷӯҳи Амрико хоҳад буд.

Неруҳои мусаллаҳи Ширкати хусусии низомии "Вагнер" баъди талоши шӯриши рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта вилоятҳои Липетск ва Воронежро тарк мекунанд. Дар ин бора мақомоти маҳаллии Русия хабар доданд. Маълум нест, ки Евгений Пригожин дар куҷо қарор дорад.

Коршинос Марина Мирон мегӯяд, Путин розӣ шуд аз таъқиби ошӯбгарони “Вагнер” даст бикашад, то тавонад аз латма ёфтани нуфузаш ҷилагвирӣ намояд: "Кор то ба хунрезии калон накашид. Яъне Путин аниқ медонист, ки кадом тугмаҳоро зер кунад ва ба ӯ муяссар шуд, ки вазъиятро аз пушти парда ҳал кунад."

Евгений Пригожин ҳангоми тарк кардани шаҳри Ростови лаби Дон
Евгений Пригожин ҳангоми тарк кардани шаҳри Ростови лаби Дон

Қаблан, хабар шуда буд, ки Евгений Пригожин озими Беларус мешавад. Дар доираҳои коршиносон ҳадсе зада шуд, ки эҳтимол дорад гуруҳи “Вагнер” аз қаламрави Беларус ба Украина ҳамла кунад. Ба ақидаи Ричард Даннат, генерали бознишаста, агар раҳбари «Вагнер» воқеан ҳам дар Беларус бошад, метавонад дар ҷанг бар зидди Украина саҳм бигирад. Дар ин бора ба Sky News собиқ сардори ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Британия хабар дод.

“Агар вай ба Беларус, ки ба Киев наздик аст рафтаву дар атрофи худ нерӯи тавонои ҷангиро ҳифз карда бошад, пас ба Украина, таҳдид мекунад.” Аз ин рӯ Ричард Даннат ба нерӯҳои украинӣ тавсия медиҳад, ки ҳушёр бошанд.

"Вагнер қудрати ҳамла надорад"

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон ба ин назар аст, неруҳои "Вагнер" дар Беларус ба он миқдор нест, ки тавонад ба минтақаҳои наздимарзии Украина ҳамла оваранд.

Усмонзода 26 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "вай бо кадом нерӯ ба Украина медарояд? Панҷоҳ, сад ҳазор нерӯ дошта бошад ҳам, мушак ва дастгоҳҳои мушакпартоб надорад."

Исёни "Вагнер" баёнгари чист?

Низомиёни "Вагнер" дар кӯчаҳои Ростови лаби Дон
Низомиёни "Вагнер" дар кӯчаҳои Ростови лаби Дон

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ошӯби низомии Евгений Пригожин нахустин исёни низомӣ дар сад соли ахир дар Русия мебошад. Чунин шӯриши низомиён ба гуфтаи вай, дар аввали асри гузашта рух дода буд ва натиҷааш барои Русия хеле бад анҷомид.

Ба бовари ин таҳлилгари тоҷик, “ин падидаи нав аст, ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ошӯби низомӣ набуд, танҳо соли 1921 буд. Сабаби ин исён ҷамъ омадани норозигиҳо дар як соли гузашта дар ҷанги зидди Украина буд. Беш аз ҳама норозигии низомиён аз он ки ҷанг хеле дароз кашид. Ваъда дода буданд, ки давоми ду-се рӯз Киевро мегиранд, вале ин тавр нашуд, баъд талафот хеле зиёд аст. Пардохт барои низомиён дар ҷанг хеле кам буд. Баъд овозаҳо зиёд шуд, ки генералҳои рус аз ҷанг сӯистифода мекунанд.”

Парвиз Муллоҷонов афзуд, ин исёни Пригожин натиҷаи мушкилоти зербиноӣ дар ҷомеаи Русия аст, ки тамоми арсаҳо дар ин кишварро фаро гирифтааст. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса баёнгари мушкилоти ҷиддии фарогир дар тамоми ҷомеаи Русия аст. Муллоҷонов меафзояд, ҳарчанд шӯриш то ба охир нарасида аз тариқи миёнравии раиси ҷумҳури Белорус қатъ шуд, аммо бар он маъно нест, ки мушкилоти эҷодкардаи исён ҳал шуда бошад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба эътиқоди Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, исёни низомиёни Евгений Пригожин баёнгари воқеиятҳое аст, ки дар Русия баъд аз ҳамла ба Украина иттифоқ меафтад ва дар ниҳоят рӯи об баромад. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, артиши фасодзадаи Русия ба Путин иттилои бардурӯғ ироа мекард, ки ҳама ӯро дар Украина бо гулдастаҳо пешвоз мегиранд, вале ин тавр нашуд:

“Путин иддао мекард, ки марзу буми кишвар зери ҳифозати сахт қарор доранд. Вале, воқеият нишон дод, ки душманон дар вилояти Белгород бемамоният вориди қаламрави Русия шуда, боз ба Украина бармегарданд. Зӯри Русия нарасид, ки ҳатто ҳамин гуруҳҳоро торумор кунад. Яъне, душман ба хоки Русия бемамоният даромада, ҷанг карда, боз тонкҳои ин кишварро гирифта мераванд».

Пурсишҳои сарироҳии сокинон низ баёнгари он аст, ки шаҳрвандон ба ҳодисаҳои ахир дар Русия назари яксон надоранд. Бештаре аз пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки ин ҳодисаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки теъдодашон дар Русия садҳо ҳазор нафар аст, бетаъсир намемонад.

Нерӯҳои "Вагнер", ки беш як соли ахир аз тарафи Русия дар Украина меҷанганд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, ба тарафи Маскав равон шуданд. Евгений Пригожин, раҳбари "Вагнер" гуфт, ҳадафаш барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъули артиши Русия аст. Аммо баъди миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус низомиёни "Вагнер" аз роҳашон бозгаштанд ва ба манотиқи таҳти назорати Русия дар Украина рафтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG