Нишастҳое, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон моҳҳо интизораш мешаванд ҳоло як роҳи асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи онҳо бо шахсони аввали вазорату идораҳои давлатӣ аст. Аксаран хабарнигорони тоҷик аз ин нишастҳо қонеъ берун намеомаданд.
Бисёре аз хабарнигороне, ки дар мавсими нави нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ иштирок кардаанд, мегӯянд, ин бор дар нишастҳо баъзе аз дигаргуниҳоро диданд. Нишастҳои хабарии вазорату идораҳои давлатӣ 26-уми июл оғоз гардида, 15-уми август ба анҷом расиданд.
"Ҳарчанд умумӣ, аммо ба суол посух медоданд"
Баъзе аз хабарнигорон мегӯянд, назар ба як сол қабл пешравиҳое дар тарзи баргузории нишастҳо ба назар мерасид, аммо дар муқоиса ба даҳ сол пеш ҳамоно маҳдудиятҳои зиёде вуҷуд дошт.
Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс”, тақрибан дар аксар нишастҳои ниҳодҳои калидӣ будааст. Ӯ рӯзи 22-юми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навбат тавонист ҳангоми нишастҳои матбуотӣ ба чанде аз пурсишҳои худ посух ёбад.
“Якум, роҳбарон ширкат мекарданд. Дуюм маълум буд, ки омодагӣ дидаанд. Сеюм, ҳарчанд умумӣ, аммо посух медоданд,” -- афзуд ӯ.
Ба андешаи Мазҳаб Ҷумъа, чанд ниҳоди калидӣ, ки дар гузашта ба суолҳо посухи дақиқ намедоданд, ин бор тавонистанд, ҷавобҳои рӯшану мушаххас диҳанд. Вай гуфт: “Дида шуд, ки махсусан дар нишасти Додситонии кул бисёр озод, мушаххасан ба ҳамаи суолҳо посух доданд. Ба ин монанд дар нишасти Додгоҳи олӣ ба суолҳое, ки пешниҳод шуд, посухи мушаххас доданд."
Муроҷиати ҷомеаи журналистӣ натиҷа дод?
Хабарнигорон ҳадс мезананд, ки то андозае беҳтар шудани нишастҳои хабарӣ ба муроҷиати ҷомеаи журналистии Тоҷикистон пайванд дорад. Пеш аз оғози мавсими нишастҳо, шаш созмони рӯзноманигорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кул хостанд, назоратро бар нишастҳо пурзӯр кунанд, зеро онҳо "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро аз даст додаанд.”
Дар изҳороте, ки зераш масъулони созмони "Хома", "Медиа-алянс", "Расонанигор", НАНСМИТ, "Азия-Плюс" ва Маркази тадқиқоти журналистӣ имзо гузошта буданд, аз тарзи доир кардани нишастҳои хабарӣ нигаронӣ шуда буд.
Ба фарқ аз хабарнигорони пойтахт, ки дар суҳбатҳои имсолаи раҳбарони корхонаву идораҳо андаке беҳбудиро мушоҳида кардаанд, рӯзноманигорон дар минтақаҳо шикоят доранд, ки тарзи баргузории нишастҳои хабарӣ бадтар шудааст.
"Бархе раҳбарон наомаданд"
Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд, мегӯяд, чанд сол боз мақомоти Додгоҳи вилоят, Раёсати корҳои дохилӣ, намояндагии Додситонии ҳарбӣ ва Идораи барқ аз баргузории нишасти матбуотӣ даст кашидаанд.
Баргузор нагардидани нишастҳои хабарии чанд ниҳоди калидӣ дар минтақаи Кӯлоб низ сабаби норозигии рӯзноманигор шудааст. Чизи дигаре, ки мояи нороҳатӣ ва нигаронии баъзе аз хабарнигорон шуд, ин ба ҷои савол дар нишастҳо аз забони ҳамкасбони худ шунидани таърифу тавсифи раҳбарон будааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Шумо якто ҳастед"
Билоли Шамс, хабарнигор дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, "айбро дар ҳамкасбон мебинам. Ба иззати нафси касе намерасам, аз касе ном намебарам. Чӣ гуна ном барам, лаганбардорӣ аст, тақаллубкорӣ ё худширинкунӣ. Нишаст барои таърифу тавсиф нест. Ба ҷойи он ки хеста савол диҳанд, вақти дигаронро гирифта таърифу тавсиф мекунанд, ки шумо якто ҳастеду мисли шумо дигар нест.”
Хабарнигор Мазҳаб Ҷумъа бар ин назар аст, ки гоҳе рӯзноманигорон ба нишастҳои хабарӣ бе омодагӣ мераванд ва чандон ширкати фаъолона надоранд.
Мавзӯи ташкили зиёфатҳои хурд ё ҳадя дар нишастҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарагез шуда буд. Бархе даъват мекарданд, ки бояд хабарнигорон аз меҳмондории мақомот дар нишастҳои хабарӣ истифода накунанд. Аз тақдим шудани мағзу асал ё лифофаҳо низ кинояҳое садо дода буд.
Ташкили нишастҳои хабарӣ 18 сол пеш шуруъ шуд. Дар оғоз масъулони вазорату идораҳо ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон вомехӯрданд. Аз соли 2011 нишастҳо дар ним сол як бор баргузор мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва дақиқ дар Тоҷикистон мушкил аст ва чанд сол боз созмону кишварҳои ғарбӣ мақомотро барои тангтар кардани ҳалқаи озодии баён танқид мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нишастҳои хабарӣ оғоз мешаванд. Ба мансабдорон чӣ суол доред? ВИДЕО"Арқоми хушку холӣ, дағалӣ, иҷозаи савол надодан". Изҳороти ҷомеаи рӯзноманигорӣ "Бо либоси расмӣ", "фақат як савол". Вазирони тоҷик чӣ гуфтанд? ВИДЕОВазирони тоҷик ҷавоб надоранд ё аз гуфтани ҳақиқат меҳаросанд? ВИДЕО