Шаш созмони рӯзноманигорӣ дар остонаи нишастҳои хабарӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл хостанд, назорат аз болои нишастҳоро пурзӯр кунанд. Дар изҳорот омадааст, нишастҳои матбуотӣ "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд."
Инчунин муаллифони изҳорот навиштаанд, камаш 40 дақиқаи як нишасти хабарӣ бо хондани варақаи иттилоотӣ сарф мешавад ва дар ниҳоят барои суолу ҷавобҳамагӣ 10-15 дақиқа мемонад. Мақомот ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд, вале ҳамеша баргузории нишастҳои хабарии нимсоларо як намунаи хуби робитаи мақомот бо расонаҳо гуфтаанд.
Дар изҳороте, ки зераш созмонҳои "Хома", "Медиа-алянс", "Расонанигор", НАНСМИТ, "Азия-Плюс" ва Маркази тадқиқоти журналистӣ имзо гузоштаанд, аз тарзи доир кардани нишастҳои хабарӣ ва иҷро нашудани фармонҳои президент дар самти дастрасӣ ба иттилоъ нигаронӣ шудааст.
Дар изҳорот чанд намунаи нодурусти рафтори мақомот дар вақти гузарондани нишастҳои хабарӣ матраҳ шудааст. Аз ҷумла интихобӣ роҳ додани хабарнигорон ба нишаст дар вилояти Хатлон, дағалӣ кардани роҳбарони ниҳодҳо аз ҷумла сохторҳои қудратӣ дар вақти суолу ҷавоб, иҷозаи суол надодан ба хабарнигорон дар нишасти Вазорати корҳои хориҷӣ ва наомадани роҳбарони аввал ба монанд Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа ба нишастҳои матбуотӣ.
“Ин ҳолатҳоро ҳам мо як навъи монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон ва вайрон кардани қонунҳо ва фармонҳои мавҷуда меҳисобем,”-омадааст дар изҳоротҳои созмонҳои журналистӣ.
Муаллифони изҳорот навиштаанд, дар бораи вазъи феълӣ ва ҳамчунин дастнорас будани вазирону роҳбарони кумитаҳои давлатӣ борҳо дар расонаҳо изҳори нигаронӣ шудааст, аммо вазъ тағйир наёфт.
"Барои мо – рӯзноманигорон ва кормандони ВАО – маълум нест, ки чаро ҳоло аксарияти кулли ниҳодҳои Тоҷикистон дастнорас шуданд ва иттилои дар ихтиёр доштаашонро тавассути ВАО ба ҷомеа намерасонанд?! Барои мо ҳамчунин маълум нест, ки чарои вазорату идораҳо, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва дигар ниҳодҳои қудративу калидӣ ҳангоми ҳолатҳои ғайриодӣ, фавқулода ва изтирорӣ барои ВАО нишасти хабарӣ баргузор намекунанд ва ҳодисаву рӯйдодҳоро шарҳ намедиҳанд?!Модоме ки мақомот аз хабар додан худдорӣ мекунанд, сокинони кишвар дар ҳолати набудани иттилои расмиву кофӣ рӯ ба хабарҳои дурӯғини (фейкӣ) афроди ҳангомаҷӯ меоранд ва саҳифаҳои онҳоро пайгирӣ мекунанд,"-навиштаанд муаллифони изҳорот.
Мақомоти Тоҷикистон аксар вақт танқиду нигаронӣ аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар ва мушкил шудани кори хабарнигоронро қабул намекунанд. Мақомот борҳо гуфтаанд, қонунгузории кишвар фаъолияти озоди расонаҳоро дар кишвар кафолат додааст ва аксари расонаҳои сабтшуда ғайридавлатӣ ҳастанд. Аммо ҳоло намояндагони ҷомеаи хабарнигории кишвар мегӯянд, мушкил дар ин аст, ки қонунгузории кишвар дар самти дастрасӣ ба иттилоъ дуруст риоя намешавад.
Нишастҳои хабарии вазорати идораҳои давлатӣ дар кишвар ҳар нимсол баргузор мешаванд. Қарор аст рӯзи 26-уми июл нишастҳои нимсола оғоз шаванд ва то 15 август давом мекунанд. Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар изҳороти худ навиштаанд, роҳбарони аввали ниҳодҳо ҳатман дар нишастҳои хабарӣ иштирок кунанд, бидуни дағалӣ ба суолҳо посух диҳанд, вақти асосиро ба хондани варақаи иттилоотӣ нагиранд ва аз баргузории якчанд нишасти хабарӣ дар як соат даст кашанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ баъди соли 2015 ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорон ва маҳдуд кардани озоди баён дар кишвар танқид мекунанд. Ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳам дар шохиси озодии баён поён якбора поён рафтааст. Дар изҳороти ахири ҷомеаи рӯзноманигорӣ ҳам омадааст, Тоҷикистон дар шохиси озодии баёни “Хабарнигорони бидуни марз”, дар миёни 180 давлати дунё ҳоло дар ҷойи 153 аст. “Ҳатто Афғонистон дар ин руйихат аз мо як зина болост,»-зикр шудааст дар изҳорот.
Гуфтугӯ