“Фараж”: Таҷрибаомӯз мефиристем. “СССР”: Намеравем
Бар асоси нақшаи таҳиякардаи Дастгоҳи иҷроияи президент, нишастҳои хабарӣ 31-уми январи имсол оғоз шуда, то 17-уми феврал идома мекунанд. Бар асоси ҳамин нақша, 2-юми феврал нишастҳои матбуотии 13 вазорату идора баргузор хоҳад шуд. Аз ҷумла, Додситонии кул, Додгоҳи олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, Оҷонси зидди фасод, Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод, Хадамоти гумрук, Палатаи ҳисоб, Кумитаи андоз, Вазорати адлия ва Вазорати саноат.
Сарони расонаҳои хабарӣ мегӯянд, чунин теъдоди зиёди хабарнигор надоранд, ки дар як рӯз 13 нишасти хабариро бозтоб диҳанд.
Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи Фараж таъини нишасти 13 вазорату идораро дар як рӯз “амали махсус” донист. Ӯ гуфт: “Махсус ба он маънӣ, ки ё танҳо ба хотири ишора кардан, ки мо ҳамин нишастро гузарондем, аз сарашон соқит мекунанд, ҳисобот медиҳанд.”
Сардабири “Фараж” афзуд, барои ширкат дар ҳамаи нишастҳо маҷбур аст, бар изофаи 3 хабаранигор боз таҷрибаомӯзони нашрияро бифиристад. Кореро, ки сардабири нашрияи СССР Сайёфи Мизроб аслан карданӣ нест. Вай мегӯяд, бо нишони эътироз аз ин ҷадвали аҷибу ғариби нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ, хабарнигоронашро ба ҳеҷ кадоме аз нишастҳо намефиристад.
Сардабири нашрияи СССР афзуд, “бигзор донанд, ки иззати журналистон иззати 9 миллион табааи Тоҷикистон аст.”
Ба гуфтаи Сайёфи Мизроб, нишасти хабариро набояд фақат ҳисобот дар назди рӯзноманигорон шумурд. “Ин ҳисобот пеши халқ аст, пеши раият аст, пеши 9 миллион табааи Тоҷикистон аст. Ва онҳо мунтазири посух ҳастанд. Ба суолҳои хеш посух бигиранд. Вақте ҳамаи инҳоро дар як рӯз мегузоранд, ман намедонам, аз рӯи кадом сенария аст. Зимнан ман гуфтам, ки намеравам, бачаҳои мо намераванд.”
“Дар шароити пандемия одами зиёд ҷамъ нашавад”
Мақомот дар посух ба норозигии ҷомеаи рӯзноманигории кишвар далелҳои худро пеш меоранд. Масрур Абдуллозода, як масъули Дастгоҳи иҷроияи президент дар умури робита бо ҷомеа, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд нишастҳо дар як рӯз гузошта шудаанд, соатҳои он аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
“Барои ҳамин, редаксияи рӯзномаҳо имкон доранд, ки рӯзноманигорони гуногунро ба нишастҳои мухталиф фиристанд,” – афзуд ӯ. Сабаби дигараш ба гуфтаи Масрур Абдуллозода ин аст, ки “дар шароити пандемия мардуми зиёд ҷамъ нашаванд.”
Ҳоло дақиқ нест, ки далелҳои пешовардаи мақомот то куҷо ҷомеаи хабарнигории кишварро қонеъ мекунад. Рӯзи 27-уми январ ду созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон хостанд, то шароити баргузории нишастҳои хабарӣ беҳтар карда шавад.
Анҷумани воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар робита баргузории нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ ва вазъи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ гузорише таҳия карда, ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ фиристад
Нуриддин Қаршибоев, раиси созмон, бо интиқод аз тасмими охир мегӯяд, “мақомоти давлатӣ ё хоҳиши пешниҳод кардани иттилоотро надоранд, ё аз он ҳарос доранд, ки ҳангоми нишастаҳои матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳои барои онҳо ноқулай пешниҳод карда мешавад. Ва онҳо аз ҷавоб гуфтан ҳарос доранд.”
Талаби нав: Нишастҳо дар се моҳ як бор баргузор шаванд
Шӯрои Васоити ахбори оммаи мустақил ҳам дар изҳороте навишт, нишастҳои матбуотӣ на ҳар 6 моҳ, балки мисли солҳои пеш ҳар 3 моҳ гузаронда шаванд. Ин нишастҳо аз соли 2006 бо як амри раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ баргузор мешуд. Дар соли 2011 баргузории нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатиро аз 3 ба 6 моҳ оварданд.
Инчунин, Шӯрои ВАО хостааст, роҳбарони аввали ниҳодҳо худашон ба нишастҳо ҳозир шаванд. Солҳои охир роҳбарони баъзе ниҳодҳо аз ҷумла Хадамоти алоқа ва шаҳрдори Душанбе ба нишастҳои хабарӣ намеоянд.
Дар шароите ки гирифтани иттилоъ аз ниҳодҳои давлатӣ мушкил шудааст, нишастҳои хабарӣ дар 6 моҳ як бор василаи муҳими дарёфти маълумот гуфта мешуд. Ба қавли хабарнигорон, ин таҷрибаи нодир ва нек дар қаламрави кишварҳои пасошӯравиро ахиран ба як расмиёти нозарур табдил доданд.
“Дар воқеъ, дар ин авохир инҳо ба як нишастҳои қолабӣ табдил шуда буданд. Раҳбарони ниҳодҳо, хусусан ниҳодҳои муҳим, ки барои расонаҳо дар даврони дигар дастрас нестанд, ба таври қолабӣ, формалӣ ва хушк ба саволҳо ҷавоб медиҳанд. Агар мушоҳида карда бошед, як навъ мутакаббир ҳам ҳастанд, бархурди ғайрикасбӣ ва дар баъзе мавридҳо муносибати ғайриинсонӣ ҳам мекунанд,” – гуфт Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири сомонаи тоҷикии “Азия-Плюс”.
Мақомот танқидҳоро дар бораи шеваи баргузории нишастҳои хабарӣ борҳо рад карда, гуфтаанд, дар ин вохӯриҳо ба суолҳои рӯзноманигорон посухи дақиқ медиҳанд. Дар як вақт баъзе ниҳодҳо аз рӯзноманигорон интиқод мекунанд, ки ба нишастҳо бе омодагӣ ҳозир мешаванд. Вале мунтақидон мегӯянд, ба ин шева гузарондани нишастҳо, танҳо талафи вақт барои худи мақомот ва рӯзноманигорон аст.