Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсти стратегӣ унвон мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар муаррифии Рустами Эмомалӣ ба унвони вориси эҳтимолии асосии президент Раҳмон мебошад.
Ба иттилои расонаҳои чинӣ, қарор аст Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо як ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кунад. Тибқи иттилои ин манбаъ, қарор аст сафари Рустами Эмомалӣ рӯзи 20-уми август оғоз ёфта, то 23-уми август идома ёбад.
Расонаҳои чинӣ иттилоъ медиҳанд, ки сафари мазкур бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Чин сурат мегирад. Рустами Эмомалӣ моҳи майи соли 2022 дар як гуфтугуи онлайнӣ бо Ли Чжаншу, як узви баландмақоми Ҳизби Коммунисти Чин ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карда буд.
Саидҷаъфар Усмонзода, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби демократии ин кишвар дар шарҳи мавзӯи сафари кории “шахси дувуми расмии” Тоҷикистон ба Чин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки солҳои ахир ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳама сатҳо густариш меёбанд ва зарурати фароҳам кардани заминаҳои қонунгузории чунин тавсеаи ҳамгироӣ ба миён омадааст:
“Таҳаввулоти ғайричашмдошти Афғонистон, яъне ба сари қудрат омадани “Толибон” ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар ҳудуди ин кишвар нигарониҳои хеле ҷиддӣ ба бор меорад. Зеро ҳарду кишвар бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Ҳамкориҳо бо Хитой дар сатҳи амниятӣ ва иқтисодӣ густариш меёбанд ва дар ин замина мушкилоте пайдо мешавад, ки барои ҳалли онҳо қонунҳо ҳанӯз эҷод нашудаанд. Муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ пайдо мешаванд ва ба ин далел сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин як амри муддао аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар солҳои ахир Чин ба бузургтарин сармоягузорони тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон табдил шуда, ҳоло Душанбе аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор мебошад. Ширкатҳои чинӣ асосан ба истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар Тоҷикистон машғуланд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари сиёсии тоҷик ба ин назар, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин як навъ шиносоӣ бо мақомоти ин кишвар ба унвони вориси эҳтимолии қудрат дар Тоҷикистон аст:
Қодиров гуфт: “Дар қатори ҳадафҳои дигари сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин як ҳадафи асосии дигаре ҳаст, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун вориси Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчун роҳбари ояндаи Тоҷикистон ба хотири муаррифӣ шудан ба назди ҳамсояҳои муқтадир ва яке аз пуштибонҳои асосии Тоҷикистон баъд аз шурӯъ шудани ҷанги Русия алайҳи Украина рафтааст, то худашро муаррифӣ кунад. Зеро, мақомоти Чин бояд бидонанд, ки дар оянда бо кӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.”
Рейд Стандиш, шореҳи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ анъанаи муаррифии раҳбарони оянда дар Чин низ маъмул мешавад. Ба гуфтаи вай, чунин ҳолат қабл аз интихоби Сардор Бердимуҳаммадов ба унвони раиси ҷумҳури Туркманистон низ мушоҳида шуд:
“Ӯ ҳам чанд сафар ба Пекин ва вилояти Шинҷон анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи баланд аз Туркманистон намояндагӣ кард. Мо мебинем, ки сафар ба Чин ба як анъана мубаддал мешавад ва ҳамин тавр раҳбарони ояндаи эҳтимолӣ ба Чин сафар мекунанд.”
Намояндаҳои мухолифони тоҷик дар хориҷи кишвар мегӯянд, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои дигар сафари оддӣ нест, зеро ӯро ҳамчун президенти ояндаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Ба эътиқоди Бобоҷони Қаюм, як мухолифи тоҷик дар хориҷа, бештаре аз ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, таҳти назорати як хонавода қарор доранд ва сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин ҳадаф дорад назорати онҳоро тақвият бидиҳад, то дар оянда барояш мушкил эҷод накунанд. Онҳо иддао доранд, ки чунин назорат имкон медиҳад дар рақобатҳои дохилихонаводагӣ низ як нафар пирӯзиро дар даст дошта бошад.
Сафарҳои пайвастаи хориҷии Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои хориҷиро як навъ омода кардани ӯ ба ҳайси раҳбари ояндаи Тоҷикистон мешуморанд. Солҳои ахир ҳадсу гумон дар ин бора зиёд аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад, зимоми ҳукуматро ба дасти писари 36-солаи худ бисупорад, ки шаҳрдори Душанбе низ ҳаст ва аз назари мақом дуввумин шахси расмии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Аз сӯи дигар, мақомоти Чин ҳам бо дарназардошти ин нукта, соли 2022 барои кӯмак ба шаҳрдории Душанбе беш аз 300 адад воситаи нақлиётии мухталиф назири автобусҳо, мошинҳои боркаш, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар анвои нақлиёти хидматрасон туҳфа карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рустами Эмомалӣ ба Чин сафар мекунад Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕОВасфи Рустами Эмомалӣ дар "Ҷумҳурият" чӣ маъно дорад?Сафари Алиев ба Тоҷикистон: Масъалаи Русия, "тахт" ё Эрон?Амрико танқид кард, ки ҳукумат дар Тоҷикистон 31 сол боз дар дасти як нафар астҶанҷолу хунрезӣ, интиқоли қудрат ва интихоботи бе рақобат. Як соли Осиёи МарказӣРустами Эмомалӣ падарашро “абармарди дунёи сиёсат” номид