Дар ин гузоришҳо омадааст, ки сафари Рустами Эмомалӣ рӯзи 20-уми август оғоз ёфта, рӯзи 23-уми август ба поён мерасад.
Ба қавли расонаҳои чинӣ, сафари мазкур бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Чин сурат мегирад. Рустами Эмомалӣ моҳи майи соли 2022 дар як гуфтугуи онлайнӣ бо Ли Чжаншу, як узви баландмақоми Ҳизби Коммунисти Чин ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карда буд.
Сафарҳои пайвастаи хориҷии Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои хориҷиро як навъ омода кардани ӯ ба ҳайси раҳбари ояндаи Тоҷикистон мешуморанд.
Солҳои ахир ҳадсу гумон дар ин бора зиёд аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад, зимоми ҳукуматро ба дасти писари 36-солаи худ бисупорад, ки шаҳрдори Душанбе низ ҳаст ва аз назари мақом дуввумин фарди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Гуфтугӯ