Аввал сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ, баъд шиносномаи русӣ

Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари Русия пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷирон танҳо пас аз сабтином дар комиссариатҳои ҳарбӣ шиноснома бидиҳанд.

Валерий Фадеев рӯзи 16-уми август дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, муҳоҷирон ҳангоми гирифтани шиноснома сабти номро дар комиссариатҳо фаромӯш мекунанд.

Дар ҳоле ки, ба таъкиди ӯ, ҳамаи мардон, новобаста ба вазъи саломатӣ, бояд дар комиссариатҳо сабти ном шаванд.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки дар пайи “рейд”-и дурӯза дар Санкт-Петербург пулис беш аз 100 муҳоҷирро барои сафарбарӣ ба артиш номнавис кардааст. Онҳо ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русияро доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Баъзеро ба комиссариат бурданд, бархеро ба боздоштгоҳ" ВИДЕО