Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол ба ҷуз аз Зафар Қодирзода, нисбат ба раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Манобеи Радиои Озодӣ пештар хабар доданд, ки Насрулло Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор доллар муттаҳам аст.
Назари ду додраси пешин маълум нест.
Хабарнигорон рӯзи 14-уми август дар нишасти матбуотии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз Шермуҳаммади Шоҳиён пурсиданд, ки даст ба ҷиноят задани додрасҳо баёнгари чист? Вай гуфт: “Соли гузашта 4 судя (додрас) даст ба ҷиноят заданд, аз ҷумла, ҷиноятҳои коррупсионӣ. Дар ин нимсола ду судя даст ба ҷиноят зад. Ин ҳолати бисёр ташвишовар аст. Камбудии роҳбарияти Суди олӣ аст."
Ташвиши Шоҳиён дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали имсол даҳҳо қарори ғайриқонунӣ аз тарафи додрасҳо бароварда шудааст.
"Шумораи қарорҳои бекоршуда ва ғайриқонунӣ дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 203 аст. 26 маврид зиёд шудааст. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ атрофи ин масъала суҳбати ҷиддӣ ҳам доштем,” – гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.
Вай ҳамзамон афзуд, даст ба ҷиноят задани чанд додрас наметавонад бовари мардумро ба қарори дурусти додгоҳҳо кам кунад.
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, дар низоми додгоҳии Тоҷикистон омилҳои фасод зиёд ба назар мерасад ва ин ба қарорҳои додгоҳӣ бетаъсир нахоҳад монд.
“Яке аз омилҳояш таъини шахсони нолоиқ ба ин мақом аст. Дуюм, фасодкорӣ дар системаи судӣ дар сатҳи баланд аст. Ба тариқи маблағ соҳиби вазифа шудан. Яъне бисёре аз судяҳо пул дода, соҳиби вазифа мешаванд,” – изофа кард Қудратов.
Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ додрасро ба гуноҳи "паст задани шаъну эътибори судя" аз кор рондаанд. Мақомот ҳеч вақт ин ибораро шарҳ надоданд, аммо баъзе аз ин додрасҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ маҳкум шуданд.
Дар додгоҳҳои Тоҷикистон 443 додрас кор мекунанд ва ҳамаи онҳоро раисҷумҳур таъину барканор мекунад.