Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо гуноҳи гирифтани ришва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои дастрасшуда, ҳукм миёнаи ҳафтаи гузашта содир шудааст.
Ин додрас моҳи майи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз масъулияташ барканор шуда буд.
Наздикон ва худи Раҳмиддин Раҳимзода иттиҳоми эълоншударо тасдиқ ва рад накардаанд.
Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас Раҳимзода барои ситонидани пора дар ҳаҷми 800 доллар айбдор мешавад.
Ҷузъиёте, ки ӯ аз кӣ ва барои чӣ 800 доллар гирифтааст, маълум нест.
Дар як моҳи ахир бори дуюм аст, ки додрасҳои тҷоикро зиндон мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рузи 11-уми ноябр раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва зердасти ӯ Рустам Муҳаммадсаидзодаро, ки барои гирифтани пора айбдор буданд, ба ду солии зиндон маҳкум кард. Мурофиа бе эълони пешакӣ, рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр баргузор шуда, ҳалнома танҳо рӯзи 16-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки аз соли 2021 раиси суди шаҳри Хуҷанд буд, дар моҳи апрели имсол бенишон шуд, вале ниҳодҳои давлатӣ дар борааш иттилое намедоданд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз боздошти ӯ ва як зердасташ ҳангоми гирифтани ришва хабар медоданд. Танҳо дар моҳи июл раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадзода ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар пора гумонбар дониста шудаанд.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Гуфтугӯ