Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти додраси тоҷик бо гумони ришвагирӣ. Наздиконаш воқеаро шарҳ надоданд


Додгоҳи шаҳри Гулистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи шаҳри Гулистон. Акс аз бойгонӣ

Азизҷон Шарифзода, додраси Додгоҳи шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ)-ро бо гумони ришваситонӣ дастгир кардаанд.

Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон хабарро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд. Наздикони додрас аз гуфтани асли воқеа худдорӣ карданд.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас Шарифзода рӯзи 6-уми декабри имсол дар утоқи корияш, "ҳангоми гирифтани ҳазор доллар" боздошт шудааст.

"Пулҳо бо маҳлули махсус коркард шуда будаанд, ки ҳангоми зери рӯшноӣ гузоштани он навиштаи “пора” аён мегардад. Бозрасон аз ангуштони Азизҷон Шарифзода ин маҳлулро пайдо кардаанд. Вақте додрасҳоро дар ҷойи ҳодиса бо далелҳои айнӣ дастгир мекунанд, ба ҳабси пешакӣ мегиранд," -- хабар дод як манбаъ рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои мусоҳиби мо, ки нахост номаш зикр карда шавад, Азизҷон Шарифзодаро аз вилояти Суғд ба Душанбе фиристодаанд.

Дар ҳоле ки мақомот то ин дам ҷузъиёти боздоштро шарҳ намедиҳанд, манбаи дигари огоҳ аз қазия гуфт, масъала ба тақсими замин рабт дорад.

Ӯ афзуд: "Як зан, мудири боғчаи кӯдакон, барои бунёди хона замин гирифта, ду сол чизе насохтааст. Раиси шаҳр қарорро бекор мекунад. Зан аз додрас кумак мехоҳад. Шарифзода дар иваз 2500 доллар пурсидааст. Корафтода 1500 долларро медиҳад ва ҳукми додгоҳ содир мешавад. Вақте додрас 1000 доллари мондаро хоста, таҳдид кардааст, ки агар наорад, қарор бекор хоҳад шуд, зан ба Оҷонсӣ муроҷиат кардааст."

Пайвандони Азизҷон Шарифзода нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд.

Азизҷон Шарифзода рӯзи 7-уми феврали соли 2020 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон додраси шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) таъин шуда буд. Вай пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.

Наргис Ёдгорзода, раиси пешини Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва зердасташ Муродбек Насриддинзода дар охири соли 2019 барои кирдоре, ки ба гуфтаи мақомот, "шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад", аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо гуфтаанд, ки низоми додгоҳии кишвар пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест. Додрасҳоро раиси ҷумҳур таъин ва барканор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз бист додрас бо гуноҳи ришвагирӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Соли 2020 ду додраси додгоҳҳои вилояти Суғд бо айни чунин иттиҳом аз мақомашон барканор шуданд. Маъмулан додрасҳои муттаҳам ба ришвагириро бо айби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақом баркнор мекунанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон кам будани маоши додрасҳоро яке аз сабабҳои густариши “порагирӣ” дар низоми додгоҳии Тоҷикистон меноманд.

XS
SM
MD
LG