Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 14-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Вакилони дифои Хуршед Фозилов пештар талаб доштанд, ки ҳукм бекор карда шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар гуноҳро ба гардан намегирифтам, нисфи одам мешудам" ВИДЕО
Масъулони Додгоҳи олӣ гуфтанд, шикояти Хуршед Фозилов моҳи июли имсол рад шуд. Вакилони дифои рӯзноманигор ва наздиконаш ҳанӯз нагуфтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд ё не.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, бо радди шикояти кассатсионӣ ҳукм ба иҷро медарояд ва мумкин аст Хуршед Фозиловро аз боздоштгоҳ ба зиндон баранд.
Хуршед Фозилов дар моҳи марти имсол боздошт ва рӯзи 26-уми май ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талаб аз ҳукумат: рӯзноманигорон ва блогеронро озод кунедБародари рӯзноманигор, ки дар мурофиаи охирини додгоҳӣ ширкат кардааст, мегӯяд, иттиҳоми асосӣ нисбат ба Хуршед Фозилов ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор” аст, “вале мақомот далели кофӣ надоштанд”.
Дар як соли охир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Танқиду талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии хабарнигорон то ин дам натиҷа надодааст.