Пайвандони рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов мегӯянд, ӯ зери фишори мақомот гуноҳи накардаашро ба дӯш гирифтааст. Додгоҳ Фозиловро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор ва ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Вакилони мудофеъ ва наздикони рӯзноманигор барои исботи бегуноҳии ӯ талош доранд.
“Доим мепурсад, ки дадам кай меояд?”
Се моҳ аст, ки оилаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов сарсонанд. Ҳамсараш ба пурсишҳои фарзандон посухи дақиқ надорад. Бахусус ба суолҳои Озарахш, ки ҳамагӣ сесола аст.
Фарзона Облоқулова, ҳамсари Хуршед Фозилов, мегӯяд, писараш ҳар рӯз дар бораи падараш мепурсад: “Духтари калониям дар синфи 5-ум ва дувумӣ дар синфи 2-юм мехонад. Онҳо калонтар ҳастанд ва мефаҳманд. Писари хурдиам ҳар шаб гиря мекунад, ки чаро дадаам намеояд? Намедонам, чӣ ҷавоб диҳам. Ҳар шаб бо оби чашм хоб мекунад.”
Оилаи Хуршед Фозилов дар ҳавлии Маркази обуҳавошиносии шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, хонаи шахсӣ надоранд ва маҷбуранд, дар ҳавлии Марказ зиндагӣ кунанд. Модари Хуршед Фозилов солҳои дароз дар инҷо кор мекунад.
Ҳамкорӣ бо кӣ?
Хуршед Фозилов моҳи марти имсол боздошт ва рӯзи 26-уми май ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Бародари рӯзноманигор, ки дар мурофиаи охирини додгоҳӣ ширкат кардааст, мегӯяд, иттиҳоми асосӣ нисбат ба Хуршед Фозилов ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор” аст.
Хушбахт Фозилов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Хуршед дар додгоҳ гуфтааст, то мамнуъ эълон шудани сомонаи “Ахбор” бо он ҳамкорӣ дошт. “Яъне, ҳамчун рӯзноманигор бо рӯзноманигори дигар дар тамос будааст. Баъд аз бозпурсӣ ва баъд аз онки аз ҷониби мақомот ба ӯ фаҳмонданд, ки сомона мамнуъ аст, фаъолиятро идома надод.”
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2020 сомонаи “Ахбор”-ро мамнуъ эълон кард. Муассиси сомона Мирзои Салимпур он вақт қарори додгоҳро "амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот” гуфта буд. Мақомот чанд сол пеш дар наворе Хуршед Фозиловро аз ҳамкорони сомонаи мустақили “Ахбор” номбар карда буданд.
Дар қарори Додгоҳи шаҳри Панҷакент, ки хабарнигори Радиои Озодӣ онро мутолиа кард, омадааст, Хуршед Фозилов аз муассиси сомонаи “Ахбор” маблағ гирифтааст. Наздиконаш мегӯянд, мақомоти тафтишотӣ далели кофӣ надоштанд.
“Додситон дар мурофиа гуфт, Хуршед аз тамоми минтақаҳои кишвар маълумот ҷамъ карда, ба ин сомона мерасонд. Ин гап ягон мантиқ надорад. Ҳама медонад, ки Хуршед доим дар шаҳри Панҷакент буд. Чи хел аз Мурғобу Ишкошим, Хатлон, Ҳисор, Ваҳдат, Кӯлобу шаҳри Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар маълумот ҷамъ кардааст? Ҳеч ин мафҳумро дарк накардам,” -- мегӯяд бародари Хуршед Фозилов.
“Агар гуноҳро ба гардан намегирифтам...”
Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, се моҳ аст, ки миёни Душанбе ва Хуҷанд сарсон аст. Ӯ ба Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент борҳо мактуб навишта, талош дорад, бегуноҳии писарашро исбот кунад.
“Чанд бор бо Хуршед вохӯрдам. Гуфт, барои онки гуноҳро ба гардан гирад, фишор оварданд. Гуфт, ки агар ин гуноҳро ба гардан намегирифтам, нисфи одам мешудам (маъюб мешудам). Шиканҷа будааст, ки ин хел гуфтааст,” -- афзуд модари Хуршед Фозилов.
Ин рӯзноманигор дар рӯзҳои аввали боздошташ шикоят карда буд, ки дар идораи амнияти шаҳри Панҷакент “ӯро маҷбур карданд, ба зидди худ гувоҳӣ диҳад ва гунаҳкор ҳисобад.”
Мақомот ба ин шикоятҳо ҳеч вокунише накарданд. Модари Хуршед Фозилов мегӯяд, қабл аз боздошт низ мақомот борҳо ба писараш ҳушдор доданд, ки “дар бораи камбудҳо нанавис.”
Дар як соли лхир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Интиқод ва талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии хабарнигорон то ин дам натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Бо ин ҳама пайвандони Хуршед Фозилов мегӯянд, умедашонро аз даст надодаанд ва барои исботи бегуноҳии ӯ талошро идома медиҳанд. Парвандаи Фозилов ҳоло ба Додгоҳи вилояти Суғд рафтааст ва ин додгоҳ тасмим мегирад, ки бо ҳукми Фозилов чӣ кор кунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ