Мурғоб ё Марғеб? Пешниҳоди табдили номи беш аз 5 ҳазор маҳаллу мавзеъ. ВИДЕО

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, номи беш аз дувоздаҳ ҳазор маҳалу ноҳияи кишвар ба меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ нест.

Ин ниҳод пешниҳод дорад, номи беш аз панҷ ҳазор мавзеъ ва ноҳияҳои кишвар тағйир дода шавад.

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот, аз ҷумла хостори иваз кардани номи Мурғоби вилояти Бадахшон ба Марғеб ва водиии Қаротегин ба Раштонзамин шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Номи беш аз 12 ҳазор маҳал ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқ набудааст

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 3-юми август, дар ҳузури хабарнигорон гуфт: “Таърихан ҳеҷ вақт Қаротегин набуд, Рашт буд, Раштон буд, Раштонзамин буд. Мо ин номҳоро омӯхта истодаем ва дар ҳамин доира мо 5083 адад нуқтаҳои аҳолинишинро сабти ном кардем, ки мутахассисон номи онҳоро омӯхта истодаанд ва ба маҳалҳо пешниҳод мекунем, ки номгузориашонро бозбинӣ кунанд.”

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон тағйири номи маҳалҳо набояд мояи нигаронӣ бошад, зеро, ба гуфтаи вай ҳатто “номи Душанбе дар сад соли ахир се маротиба ба – Дюшанбе, сипас Сталинобод ва боз Душанбе табдил шуд. Ҳамин тавр, Хуҷанд Ленинобод буд, Ворошиловободу Орҷоникидзеобод ҳам буданд”, гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон.

Қаблан, Кумитаи забон ва истилоҳот аз талоши ҷилавгирии номгузории ба такрори кӯча ва маҳаллаву шаҳраку деҳот хабар дода буд.

Ба гуфтаи Кумита, дар Тоҷикистон танҳо номи Гулистон дар 41 ҷамоату деҳот, Ваҳдат дар 31 маврид, Истиқлол дар 25 ва Навобод дар 23 истифода шудаанд.

Аммо ба гуфтаи бархе забоншиносон, дар ин кор бояд таърихшиносон ҳам ҷалб карда шаванд.

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик гуфт: “Дар ин кор бояд эҳтиёт кард, чун бисёре аз ҷойномҳои Тоҷикистон решаи суғдӣ, балхӣ ва помирӣ доранд. Ҳамчунин бояд коре кард, ки ҷойномҳои бемаъное, чун Ваҳдат, Истиқлол, Дӯстӣ, Бӯстону Гулистон ва дигару дигар, ки бисёр такрор шуданд дигар такрор нашаванд. Ин гуна номҳо ҷойном нестанд.”

Бархе аз огоҳони дигар бар ин боваранд, ки чунин амал метавонад ба муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя таъсир расонад.

“Шояд дар ин маҳал аҳолӣ асосан узбекзабон бошад ва бояд хеле нозукона рафтор кард, то онҳо нороҳат нашаванд ва ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ва ба унвони миллати қадимаву фарҳангдӯст бояд ончунон номҳои таърихиамонро ҳифз кунем, ки ба қонунгузории кишвар ҳеҷ мухолифате надошта бошад”. гуфт, Сайфиддин Мирзозода, доктори забоншиноси Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли қабл ба тағйири номи шаҳру ноҳияву маҳаллаҳо шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони шӯравиро тағйир дод.

Ҳамин тавр, вилояти Ленинобод номи қадимаи Суғдро гирифт. Ноҳияи Москва – Ҳамадонӣ, Совет – Темурмалик, Ленин – Рӯдакӣ, Фрунзе – Сино, Октябр – Исмоили Сомонӣ, Орҷоникидзеобод –Ваҳдат ва Ленинград — Муъминобод шуданд. Мақомот ҳадаф аз тағйири номҳоро баргашт ба асолати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ номиданд.