Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вақте дар харитаи Гугл ноҳияе бо номи Лахш нест”


Нақшаи Тоҷикистон дар Гугл
Нақшаи Тоҷикистон дар Гугл

Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, зиёд тағйир хӯрдани номи шаҳру ноҳияҳо дар кишвар барояш мушкил эҷод кардааст. Масъулини кумита мегӯянд, аз тағйироти зиёд ҳатто фурсат пайдо намекунанд, ки номҳои навро ба харита ворид кунанд.

Масъалаи тағйири зиёд дар номгузории шаҳру ноҳияҳо рӯзи 20 июл дар нишасти хабарии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баҳсеро ба миён овард.

Азизмамад Каримзода, муовини аввали раиси кумита гуфт, тағйири номи шаҳру ноҳияҳо дар салоҳияташон нест, вале онҳо муваззафанд, номҳои навро ба харита ворид кунад. Ҷаноби Каримзода афзуд, ин кор маблағ ва хароҷотро талаб мекунад.

“Мушкилӣ албатта ҳаст, чун ҳар рӯз тағйирот шуда истодааст. Мо ҳамаи онро саривақт карда наметавонем ва ин талабот ҳам маблағ ва сарфаи вақтро талаб мекунад. Мо он тағйиротеро, ки тасдиқ мешавад бояд ба харита ворид кунем”- гуфт ӯ.

Мутахассисони соҳаи заминсозӣ мегӯянд, тағйироти зиёди номи шаҳру ноҳияҳо онҳоро маҷбур кард, ки харитаи Тоҷикистонро дубора ба нашр омода созанд.

Ҳусейн Хусанов, директори “Фабрикаи харитасозӣ”, мегӯяд, "аз рӯи талабот вақте 60 дарсади номи маконҳо иваз мешавад зарурат пеш меояд, ки харита бо номҳои нав дубора чоп шавад." Зарурате, ки ба гуфтаи ҷаноби Хусанов феълан пеш омадааст.


“Вақте дар харитаи Гугл ноҳияе бо номи Лахш нест”

Мутахассисон мегӯянд, мақомот бояд ҳар тағйири нав дар номи шаҳру ноҳияро ба харитаҳои ҷаҳонӣ бетаъхир ворид кунанд. Рустам Гулов, мутахассиси фанноварии иттилоотӣ мегӯяд, тағйири номи шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои ҷаҳоние мисли Гугл ва Яндекс асосан бо ду роҳ сурат мегирад.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Нахуст ба қавли Гулов, мақомот баъди тағйири номи шаҳру ноҳия бояд расман ба масъулини харитаҳои ҷаҳонӣ нома навишта, онҳоро аз иваз шудани номи ноҳия огоҳ созанд. Дар ин сурат дар харитаҳои ҷаҳонӣ номи нави шаҳру ноҳияҳо ба зудӣ иваз ва имкони пайдо кардани онҳо сабуктар мешавад.

Роҳи дигари ивази ном дар харитаҳои ҷаҳон ин будааст, ки сокинон ҳангоми истифода қайди ҷойи зист дар харитаҳои ҷаҳонӣ бештар номи нави онро қайд мекунанд. Роҳе, ки ба қавли мутахассисон хеле дер самара меорад.

Зоҳиран кори мақомот дар роҳи ивази номҳои нави шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои ҷаҳонӣ ва навигаторҳо ба кундӣ пеш меравад. Чун бо гузашти муҳлати зиёд то ҳол дар навигатор ва харитаҳои интернетӣ номҳои нави шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иваз нашудаанд. Азҷумла бо гузашти бештар аз ду сол аз ивази номи ноҳияи Ҷиргатол ба Лахш то ҳол харитаҳои маъруфе мисли Гугл маконеро бо номи Лахш намешиносад.

“Бояд иштибоҳҳои замони Шӯравӣ ислоҳ шаванд”

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод.

Аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт. Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Мақомот ҳамеша пойфишорӣ мекунанд, ки тағйири номи шаҳру ноҳияҳо амали дуруст ва саривақтӣ аст.

Абдураҳим Зулфониён
Абдураҳим Зулфониён

Аз ҷумла Раҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон, ниҳоде, ки дар тағйири номи шаҳру ноҳияҳо нақши асосиро дорад мегӯяд, ин кор харҷи зиёдро наметалабад ва зарурӣ аст.

Ба қавли ҷаноби Зулфониён, дар давраи Шӯравӣ бо хунукназарӣ номҳои меъёри таърихии маҳалҳо бо номи ашхос иваз шуд ва ин иштибоҳ бояд ислоҳ шавад.

“Барои ин як тамғаи ноҳияро иваз мекунанд, он қадар хароҷоте надорад, ки дунё чаппа шавад. Масалан Ҷиргатол, номи номи ғайримеъёр ва бо забонҳои туркӣ номгузорӣ мешуд. Ин марзу бум бо номҳои қадимии худаш дар таърих боқӣ монда буд ва боқӣ мемонанд, на бо номҳои таърихчаи паси сар карда” - гуфт Зулфониён.

“Бунгакиён" монад, аммо барои сокинонаш кор пайдо кунед”

Тасмими иваз кардани номи шаҳру ноҳияҳо мухолифини худро низ дорад. Ин гурӯҳ мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ.

Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, “Бунгакиён” бо ҳамон номаш монад, вале барои ҷавонони бекораш ҷойи кор муҳайё созанд. Ин мухолифон ҳамчунин мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

XS
SM
MD
LG