Мақомот дар Минск хонаи дуутоқаи раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ва ҳамсари зиндонии ӯро, ки мехост дар интихоботи соли 2020 номзади президентӣ шавад, фурӯхтанд.
Манзиле бо масоҳати 66 метри мураббаъ дар шаҳри Минск ба кадом як барандаи ношиноси музоядае рӯзи 26-уми июл бо арзиши 80 ҳазору 740 доллар фурӯхта шуд. Ин хонаро ҳанӯз моҳи сентябр мақомот расман мусодира карда буданд.
Серҳей Тихановский соли 2020 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳамроҳ бо ӯ чанд нафари дигар, аз ҷумла журналисти Радиои Озодӣ Иҳар Лосик, собиқ довталаби курсии президентӣ Микалай Статкевич ва фаъолони мухолифон, Уладзимер Тиханович, Артсем Сакау ва Дмитрий Папау ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд.
Дар миёни иттиҳомоти онҳо барангехтани беназмиҳои ҷамъиятӣ, эҷоди бадбинии иҷтимоӣ, монеъ шудан ба кори Комиссиюни марказии интихобот ва ташкили фаъолиятҳое, ки боиси бетартибиҳои иҷтимоӣ шудааст, мебошанд. Тарафдорони онҳо иттиҳомро чун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад мекунанд.
Моҳи феврали имсол додгоҳ Серҳей Тихановскийро ба 18 моҳи иловагии ҳабс маҳкум кард ва гуфт, ки ӯ қоидаҳои зиндонро вайрон кардааст.
Тихановский як блогери маъруфи видеоӣ буд ва соли 2020 гуфт, ки дар интихобот мехоҳад раҳбари Беларус Александр Лукашенкоро, ки бори навбатӣ номзадиашро дар интихобот пешбарӣ карда буд, ба чолиш бикашад. Вале Тихановскийро аз ширкат дар интихобот маҳрум ва худашро пеш аз овоздиҳӣ ҳабс карданд.
Баъди ин ҳамсари ӯ Светлана Тихановская эълон кард, ки номзадиашро пешбарӣ мекунад ва раҳбарии мухолифонро ба ӯҳда гирифт.
Пирӯзии Лукашенкаро на мухолифон ва на кишварҳои ғарбӣ эътироф накарданд ва гуфтанд, ки ин натиҷаҳо тақаллуб шудааст. Онҳо бовар доранд, ки барандаи воқеии интихобот Тихановская буд. Дар паи ин саросари Беларусро мавҷи эътирозҳо бо талаби бекор шудани натиҷаҳои интихобот фаро гирифт, мақомот эътирозҳоро саркӯб карда бисёриҳо кушта шуданд. Дар пай мақомот аз паи бастану саркӯбкунии созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шуданд.
Тихановская, ки аз амнияти ду фарзандаш нигарон буд, ба Литва паноҳ бурд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тихановская хост, “омода” бошанд. Лукашенко ҳам “пайдо” шудАлександр Лукашенко дар куҷост? ВИДЕОРақиби пешини Лукашенкоро ғоибона 15 сол зиндонӣ кардандАлександр Лукашенко барои худ "ҷой" дуруст кардТихановская: “Бе Украинаи озод Беларуси озод нахоҳад буд”Тихановская гуфт, ба фаъолони Беларус чӣ ёрӣ мекунандЯке аз раҳбарони мухолифини Белорус ва 5 тани дигар аз 14 то 18 сол ҳукм гирифтанд