Додгоҳе дар Белорус гурӯҳе аз блогнависон, фаъолони мухолифин ва ҳамсари Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифини он кишварро ба зиндон маҳкум кард. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ин ҳукмҳои вазнинро маҳкум карданд.
Игор Лосик, мушовири бахши белорусии Радиои Озодӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Блогнавис Владимир Сиганович низ чунин ҳукм гирифт. Аъзои тими Сергей Тихановский - Дмитрий Попов ва Артем Саков 16-солӣ зиндонӣ шуданд. Николай Статкевич, яке аз роҳбарони мухолифон 14 сол зиндонӣ шуд. Сергей Тихановский, шавҳари роҳбари мухолифон Светлана Тихановская, 18 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Белорус ҳамаи онҳоро дар ташкили беназмиҳои баъди интихоботи президентии моҳи августи соли 2020, айбдор кард.
Муҳокимаи ин шаш тан рӯзи сешанбеи 14-уми декабр дар шаҳри Гомел пушти дарҳои баста сурат гирифт. Гуруҳҳои ҳуқуқи башар онҳоро зиндониёни сиёсӣ меноманд. Муҳокимаи 173-рӯзаи ин афрод яке аз тӯлонитарин мурофиа дар таърихи Белорус ба шумор меравад.
Дар миёни маҳкумшудаҳо Сергей Тихановский, ҳамсари Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифони Белорус низ ҳаст ва ӯ ба иттиҳоми ташкили нооромиҳои густурда ва барангехтани нафрат дар ҷомеа, ба 18 сол зиндон маҳкум шуд.
Блогер Сергей Тихановский баҳори соли гузашта дар ҳоле, ки омодаи рақобат дар баробари Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ буд, боздошт шуд. Ӯ ҳамаи иттиҳомот дар нисбаташро рад мекунад. Ҳамсари ӯ Светлана Тихановская ба ҷойи вай дар интихобот иштирок кард.
Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот ва баранда эълон шудани Лукашенко, Белорус шоҳиди эътирозҳои густурда шуд. Нерӯҳои мухолифин Лукашенкоро ба тақаллуб дар ин интихобот муттаҳам карданд.
Светлана Тихановская ҳукми додгоҳ дар нисбати ҳамсараш ва панҷ нафари дигарро "ғайриқонунӣ" хонд ва таъкид кард, ки чунин ҳукми набояд таҳаммул шавад.
Светлана Тихановская, ки пас аз интихоботи президентии 9-уми августи соли 2020 ба ӯ боздошт таҳдид мекард, ба Литва фирор кард ва аз он вақт то ба ҳол бо шуморе аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ мулоқот кардааст.
Амрико ҳукми сангини мухолифони Белорус ва рӯзноманигори белорусӣ Игор Лосикро маҳкум кард. Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии ИМА дар изҳороте гуфтааст, ҳукми додгоҳ нисбати Сергей Тихановский, Николай Статкевич, Игор Лосик ва дигар айбдоршавандаҳо ангезаи сиёсӣ дорад. "На маҳкумшудаҳо, на мардуми Белорус сазовори чунин саркӯбҳо нестанд", - гуфтааст вазири корҳои хориҷии ИМА.
Дар ИМА ба ин назаранд, ҳукмҳои нави додгоҳ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти Белорус ӯҳдадориҳои байналхалқии хударо дар бахши ҳуқуқи инсон риоя намекунанд. Дар изҳороти вазири корҳои хориҷии ИМА омдаааст, ки маҳкумшудаҳои ахир ва бештар аз 900 шаҳрванди дигари Белорус, ки аз онҳо зиндонии сиёсӣ ном бурда мешавад, озод карда шаванд. ИМА ҳамчунин аз режими Александр Лукашенко даъват кардааст, ки саркӯбҳоро қатъ ва гуфтугӯ бо мухолифонро шуруъ кунад.
Дар Иттиҳоди Аврупо низ ҳукмҳои ахири додгоҳӣ дар Белорусро маҳкум карданд. Дар раёсати сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ин иттиҳод омода аст, ки таҳримҳои навро зидди Минск ҷорӣ кунад.
Додгоҳе дар Белорус дар тобистони имсол Виктор Бабарико, номзади пешини интихботи президентӣ дар он кишварро ба иттиҳоми фасод ба 14 сол зиндон маҳкум карда буд. Ӯ ин иттиҳомро рад кардааст. Ду моҳ қабл низ Мария Колесникова, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли гузашта, ба 11 сол зиндон маҳкум шуд.
Ба гуфтаи Гузоришгари вижаи СММ, тайи як соли гузашта беш аз 35 ҳазор нафар дар Белорус боздошт шудаанд ва тарсу саркӯб боис шудааст, ки даҳҳо нафар аз белорусиҳо ба кишварҳои дигар паноҳанда шаванд.