Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Лукашенко дар куҷост? ВИДЕО


Александр Лукашенко ҳангоми сафараш ба Душанбе, моҳи октябри 2022
Александр Лукашенко ҳангоми сафараш ба Душанбе, моҳи октябри 2022

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, рӯзи 14-уми май дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи парчаму нишон ва суруди миллии кишвараш иштирок накард ва ба оташи овозаҳо дар бораи хуб набудани саломатияш равған рехт. Ба ҷойи ӯ нахуствазир Раман Ҳалучанка сухан ронд.

Лукашенкои 68-сола дар се ҳафтаи охир аз иштирок дар чанд маъракаи расмӣ худдорӣ кард. Мақомоти Беларус ҳеч шарҳ надодаанд. Баъзе аз гузоришҳои тасдиқношуда баёнгари онанд, ки Лукашенкоро рӯзи шанбе, 13-уми май, ба беморхона бурданд.

Ӯ бори охир дар мазҳари ом рӯзи 9-уми май дар Маскав дида шуд. Он замон низ ҳолаш зоҳиран хуб набуд. Дасти росташ докапеч буд.

Муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар масъалаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам гуфт, “Лукашенко бемор аст”, вале ба ин нигоҳ накарда ба Маскав омад. Константин Затулин рӯзи 14-уми май ба сомонаи “Подём” гуфтааст, медонад, ки Лукашенко аз чӣ ранҷ мебарад, аммо чизи дақиқеро ба забон наовард.

Дафтари матбуоти Лукашенко дар бораи ягон беморӣ изҳори назар накарда, гуфтааст, “ӯ бо санадҳо кор мекунад.”

Сухангӯйи президенти Русия рӯзи 15-уми май ба суол дар бораи инки Кремл аз пахши овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Лукашенко то куҷо дар ташвиш аст, гуфт, “ба маълумоти расмӣ такя кунед”. Дмитрий Песков афзуд: “Аз ҷониби Минск ҳеч хабаре чоп нашудааст. Мо зарур медонем, ки ба иттилои расмӣ такя карда шавад.”

Александр Лукашенко дар куҷост?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Хабаргузориҳо шоми 13-уми май навиштанд, ки Лукашенко ба бемористон бурда шудааст. Ба тасвири онҳо, “бо наздик шудани корвони мошинҳо, роҳҳо ба сӯйи бемористон баста шуданд ва нерӯҳои амниятӣ дар масир истода буданд.”

Александр Лукашенко тақрбан сӣ сол боз ба Беларус раҳбарӣ дорад. Интихоботи охири президентӣ дар ин кишвар соли 2020 баргузор шуд ва норозигии мардумро аз режими Лукашенко намоён кард.

Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, Лукашенко баранда шудааст, аммо мардуми норозӣ ва мунтақидон гуфтанд, пирӯзи воқеӣ Светлана Тихановская аст. Сипас режими Лукашенко гирдиҳамоии норозиёнро саркӯб карду мухолифонро боздошту зиндонӣ намуд. Баъзе аз онҳо дар хориҷа паноҳанда шуданд.

Раҳбари худкомаи Беларус дар ҷанги бедалели Русия ба Украина аз Владимир Путин пуштибонӣ карда, ба нерӯҳои Русия иҷоза дод, ки аз қаламрави кишвараш истифода кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG