Афроди ниқобпӯш дар Маскав муҳоҷирони тоҷикро куҷо бурданд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Балашихаи Маскав

Муҳоҷирон дар Русия лаҳзаи таъқибу азияти муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби афроди мусаллаҳи ниқобдорро сабт кардаанд.

Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд ва ба гуфтаи муаллифонаш, он дар маҳаллаи Балашихаи Маскав рӯзи 26-уми июл сабт шудааст, ду ниқобдор муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва фармони ба замин хобидан медиҳанд. Дар дасти яке силоҳ дида мешавад.

Муҳоҷироне, ки наворро ба Радиои Озодӣ фиристоданд, гуфтанд, чанд ҳафтаи ахир шеваи озору азияти муҳоҷирон тағйир кардааст ва аз ҷониби афроди ниқобдор, ки либоси мулкӣ доранд, вале эҳтимолан корманди мақомоти низомии Русия ҳастанд, таъқиб мешаванд.

Дар ин навор дида мешавад, ки пас аз чанд лаҳзае кормандони ОМОН ё дастаи таъиноти махсуси Русия ҳозир мешаванд ва муҳоҷирони зиёдтареро боздошт мекунанд.

Нодир, як тан аз муҳоҷироне, ки шоҳиди ин лаҳза будааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба 20 муҳоҷир аз назди маҳалаи “Якуми май” ва Балашихаи Маскав боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шуданд.

“Якум ниқобдорон фаромада, муҳоҷиронро фармони ба замин хобидан доданд ва баъдан занг заданд ва як автобуси пулис бо кормандони ОМОН омад. Бо таҳқир ва даст ба пушт онҳоро ба автобус бор карда бурданд,” –гуфт ӯ.

Мақомоти Русия ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд. Рӯзи 27-уми июл дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки дар Балашиха танҳо “ду-се муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст ва пас аз тафтиши санадҳояшон раҳо шудаанд.”

Масъулони сафорат гуфтанд, ки иттилоро аз пулиси рус дастрас кардаанд.

Дар се моҳи ахир фишору азияти муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳанд, дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти тоҷик аз ҳамтоёни худ талаб карданд, ки бо муҳоҷирон қонунӣ рафтор кунанд. Ба назар мерасад, ки бархурди мақомоти рус дар қиболи муҳоҷирони тоҷик дар гушаву канори Русия тағйир накардааст. Матбуоти Русия боздошти дастаҷамъии муҳоҷиронро, аз қавли мақомот, тафтиши ҳузури қонунии будубошӣ муҳоҷирон меноманд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Гурехтем, даруни лой даромадем". Зиндагии сахти занони тоҷик дар Русия. ВИДЕО Ҳазорон муҳоҷирро аз Русия ронданд. Миронов хост, виза ҷорӣ шавад. ВИДЕОФирор ба ҷангал... Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО"Ҷой танг аст, шароит бад." Шикояти муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия. ВИДЕОБоздошти 27 муҳоҷири дигар дар Котелникии Маскав